Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:40

Устои сартарош дар Кӯлоб мизоҷашро 54 корд задааст

2 сентябр 2013, 12:20

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як устои сартарош дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар сартарошхонаи худ як нафарро 54 корд зада куштааст.

Тибқи ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони пулиси вилояти Хатлон, бо гумони даст доштан ба одамкушӣ шаҳрванд Тешаев Умед Сафаралиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Кӯлоб, дастгир карда шуд. Ба иттилои манбаъ номбурда, санаи 31 августи соли 2013 дар дохили сартарошхонаи худ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб бо шаҳрванд Алиев Абдурасул Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо воситаи корд 54 маротиба ба бадани охирон мезанад. Дар натиҷа Алиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Кулобии шучоъ

  • 2 сентябр 2013 17:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи ин ходисахо аз сабаби норасои ва камбизоативу факр мебошад. Дар кишваре ноадолати хаст, дар он маххал хамин тавр ходисахо руй медиханд.
Хамаи вазифахоро мардуми Дангара ва гирду атрофи онхо гирифтаанд ва дагдага карда гаштаанд ва фикр накунанд, ки доимо хамин тавр мемонад.
Посух додан
  • Эхсосоти набояд

  • 2 сентябр 2013 18:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародар дар ин масала фикрата баён кардани шави эмоцияда дода нашуда гап зан.. фахмиди.. гуноха да ину он напарто шахсан хешу таборои ман нимаш дангараги хаст.. аммо ман як коргари оддиям ..бо ризки халолам зиндаги карда мегардам...кулобию дангарию бадахшонию дигар махаллои точикишина биё яктараф монем махалгароия.. рав Дангара хамун мардумаш шароиташ аз ту бехтар нест.. айши мо точиконро факат вучуди ду чиз дар зери ин коинот талх карда истодаст.. аввал шайтон, дуюм узбак...шайтона хайр акнун галаба кардан душвор .. хамин узбакоя камтар чилавшона кашидан даркор .. мисли акахои киргизамон..
Посух додан
  • Kulobi

  • 3 сентябр 2013 00:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Bad meguyand kriminal dar Khorugh
Посух додан
  • орзу

  • 14 август 2014 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар хакикат кин шидай аз асаби шидан хама корда мераван не акаву додори ва хешу табарои мондай хар кас руз гузарониш мондай хичка айб надора (????????????????????????????)

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!