Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Убайдуллоев аз додситонӣ назорати хару гову гусфандро талаб кард

2 сентябр 2013, 16:48

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 2-юми сентябр, зими ҷаласаи кории шаҳрдорӣ аз додститонии шаҳр даъват кардааст, ки назорати риояи якмароми қонун «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон»-ро пурзӯр намояд.

Тавре аз Хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, мутобиқи қонун дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, ин дастури Убайдуллоев дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки 9-уми сентябр таҷлил мешавад.

Дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва дигарон супориш додааст, ба ифтихори ҷашни рӯзи Истиқлолият тадбирҳои иҷтимоӣ оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ карда шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • бека

  • 2 сентябр 2013 17:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ика бемаданият будаен. Хами сайти шумора дар хорича кушода гов тамошо кунем. Ай хиндухо хеч ками надоштаен-да
Посух додан
  • Усмон

  • 2 сентябр 2013 22:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пойтахти ЧТ холи то ин дарача нарасидааст, мухтарам шахрдорон,
Посух додан
  • Dev

  • 3 сентябр 2013 00:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бека,
Az gov chi sharm mekuni !? Az gove,ki bo mehruboni ba mo shiru jurgot medihad chi bemadaniyati didi ? Az ravishi odamoni hartinat sharm kun ! Dar Tv-hoi Avrupo govu har, buzu majmun ...hamesha " mehmon" meshavand, hej kas nameharosad..!
Madaniyat hamesha darkor dar zindagi , justujuya davom deh, holo najofti !

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!