Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Ақибнишинии Обама; Номушаххасӣ ё бозӣ бо афкори умумӣ?

2 сентябр 2013, 17:46

Суханони рӯзи шанбеи Обама зидду нақизҳои ҷиддие дар бар дошт, ки нишон дод вай на танҳо бо афкори умумӣ бозӣ мекунад балки саъй дорад сардаргумии худ дар хусуси ҳамла ба Сурияро махфӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар шароите, ки расонаҳои байналмилалӣ ҷанҷоли камназиреро дар хусуси ҳамлаи қарибулвуқуъ ба Сурия оғоз кардаанд ва дар рӯзҳои ахир як ҷанги асабониро алайҳи давлати Сурия ва миллате, ки 2.5 сол даргири буҳрон буда, ба роҳ андохтаанд, суханони рӯзи шанбеи Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар хусуси қатъӣ будани ҳамлаи низомӣ ва номушахас будани замони он саволҳои ҷиддӣ дар зеҳнҳои мухотабон эҷод кард.

Обама раиси ҷумҳуре, ки бо ваъдаи тағйир ва танҳо тағйири воқеӣ руи кор омад, шанбе шаб изҳор дошт: тасмим гирифтем алайҳи Сурия даст ба иқдом бизанем... бо ин ҳол иҷрои ин тасмим ба замон вобаста нест ва метавонад фардо, ҳафтаи оянда ё моҳи оянда анҷом шавад. Вай ҳамчунин таъкид карда аст, ки ба дунболи гирифтани тасмим аз конгреси Амрико барои ин иқдоми низомӣ аст.

Ин суханон як нуқсони ҷиддӣ дорад: аз як су Обама мегӯяд тасмим ба иқдоми низомӣ алайҳи Сурия гирифта шуда аст ва аз дигар су ошкоро аз тасмим ба дарёфти тасдиқи конгрес барои иқдоми низомӣ сухан мегуяд!
Аз суи дигар вай пас аз муддатҳо ҷанҷоли расонаӣ, акнун ба тулонӣ кардани замони интизор барои ҳамлаи низомӣ ба Сурия руй оварда аст.
Дар як нигоҳи калон дар хусуси суханони шанбе шаби Обама, метавон 2 мавриди зерро мулоҳиза кард:
1- Дар суханони Обама мушоҳида мешавад, ки вай ҳануз ба марҳилаи тасмимгирӣ дар хусуси сенорияи дар пеш истода, нарасида ва ҳамчунин дар марҳилаи тасмимсозӣ аст ва дар ин байн аз навъи сардаргумӣ ҳам ранҷ мебарад, Обама мехоҳад қотеона бигӯяд, ки ҳамла мекунад, аммо шак дорад. Ин ба истилоҳ либероли амрикоӣ, дар муҳити равонии худ сахт муҳофизакор аст ва фаромӯш накарда, ки дар соли 2007 худ ба раиси ҷумҳури собиқ ба хотири нагирифтани ризояти конгрес дар амалиёти низомӣ, ҳамла карда буд. Вай дар бахши дигаре аз суханони худ ошкоро аз дар хатар будани амнияти миллии Амрико дар Сурия сухан гуфта, аммо худ низ медонад, ки чунин хатаре вуҷуд надорад, ки агар вуҷуд дошт, бар тибқи қонун ниёз ба иҷозатномаи конгрес надошт.

Аз тарафе Обама дар чанд рӯзи ахир бо вуҷуди тамоми ҷанҷолҳои расонаӣ, ба он андоза, ки харҷ кард, муваффақ ба касби ҷонибдории байналмилалӣ нашуд ва бояд эътироф кард , ки раъйи маҷлиси Британияро наметавон зарбаи кучак ба ҳайсияти тарҳи зидди сурии ӯ донист.
2- Раиси ҷумҳури Амрико ба хубӣ бо истифода аз шорлотонизми расонаии расонаҳои ҷарёни ғолиб, муваффақ ба эҷоди ҷанги аъсоб дар хусуси ҳамлаи зуд ҳангом ба Сурия шуда, акнун тасмим дорад худро ба афкори умуми ҷаҳон таҳмил карда ва бидуни дарди сар, бо гузаштан аз марҳилаи тасмимсозии андеша ва ба гирифтани тасмими ниҳоӣ бирасад. Роҳбурди вай то кунун эҷоди бесабрӣ дар афкори умумӣ дар хусуси ҳамлаи низомӣ буда ва акнун бо вогузории масъулият ба конгрес, ин ниҳоди қонуниро дар баробари афкори умумӣ қарор дода аст.

Вай акнун дар баробари муттаҳиддини бе сабри араб ва саҳюнисти худ низ камтар ба мушкил бармехурад. Агар конгрес раъй ба ҳамлаи низомӣ дод, метавонад бо як ҳамлаи маҳдуди низомӣ, хаёли худро осуда кунад ва агар ҳам конгрес мухолифат кунад, у ҳам мисли Девид Комерун худро ҷудо аз тасмими конгрес нишон медиҳад. Агар рӯзе ҳам бирасад, ки ҷанги ба шармандагии чун ишғоли Ироқ биянҷомад, конгрес шарики ҷурми уст ва ҳамчун Буш эҳсоси танҳоӣ нахоҳад кард.

Конгреси Амрико зоҳиран тасмимгирӣ дар хусуси ҳамлаи низомӣ ба Сурияро ба ҳафтаи дуюми сентябр андохта аст ва бинобар ин дар сурате, ки тасмим ба ҳамла гирифта шавад, иҷрои он эҳтимолан бо солгарди ҳодисаи шубҳаноки 11 сентябр ҳамзамон хоҳад шуд. Ин барои давлати Амрико як ҳусн дорад ва як зарар.

Ҳусни ин амр барои Обама ва ёронаш ин аст, ки ёдоварии ҳодисаи талхи 11 сентябр кумак мекунад, то камтар талхии ҷанг дар хотираҳо зуҳур кунад ва Обама камтар ниёз ба тавзеҳ барои афкори умумӣ дошта бошад. Аммо зарари он аст, ки вай билохира барои бахше аз афкори умумии Амрико тавзеҳ диҳад, ки чигуна солгарди ҳодисаи 11 сентябр дар ҷабҳаи ҳамон террористҳое қарор гирифта, ки муддатҳост Амрико иддао мекнад, ки фоҷиъаи 11 сентябр кори онҳо буда аст.

Ҳамла ба артиши Сурия фурсате бузургро барои террористҳои вобаста ба Алқоида фароҳам мекунад ва ин чизе нест, ки Обама қодир ба додани шарҳи дақиқи он бошад, ҳатто агар ҳазор бори дигар бигӯяд, ки дар асари ҳамлаи химиёӣ дар Сурия беш аз ҳазор нафар кушта шудаанд. Обама шанбе шаб на танҳо афкори умумиро ба бозӣ гирфт, балки сардаргумии худро ҳам пинҳон кард, аммо агар мағлуби ин бозӣ бошад, хароҷоти сангине хоҳад пардохт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!