Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 январ 2017, 08:41

Қосимов аллакай дар хона, вале писарони Зайд ҳамоно дар маҳбасанд

3 сентябр 2013, 08:26

Имрӯз, 3-юми сентябр, дар назар аст, ҳамаи ташкилкунандагони флеш-моб, ки ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуда буданд, аз боздошт раҳо шаванд.

Орзу Ҷумъаев, муовини раиси шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, тибқи қарори додгоҳ Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” аллакай соати 9:30 раҳо шудааст. Ба гуфтаи Ҷумъаев писарон ва домоди Зайд Саидов тибқи қарори суд соати 15:30 раҳо хоҳанд шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 29-уми август, 4 писару домоди Зайд Саидов ва инчунин Маҳмудҷон Қосимовро барои ташкили флеш-моб ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда буд. Баробари ин додгоҳ Мавҷуда Соҳибназарова, яке аз ташаббускорони ташкили ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро ба миқдори ҳафт нишондиҳандаи ҳисоботӣ ё худ 280 сомонӣ ҷарима кард.

Ин нафарон рӯзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур шуд, дар маркази Душанбе, дар боми бинои "Пойтахт" ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил кардаанд. Он рӯз дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида, ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд. Аммо мақомот ин корро ғайриқонунӣ ва майдаавбошӣ хонд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!