Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Раиси КМИР: Коре мекунем, ки як кас чанд овоз надиҳад

3 сентябр 2013, 10:41

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 3-юми сентябр дар мулоқот бо аҳзоби сиёсии кишвар аз камбуди маблағ, барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоб, назорати интихобот ва таъмини сулҳу субот гуфт.

Шоҳиён бо зикри он, ки имкониятҳои буҷаи КМИР барои интихоботи президентӣ маҳдуд аст, афзуд, ки то ҳозир 4 миллиону 22 ҳазор интихобкунанда сабт шудааст. Дар мавриди ҳавзаҳои интихоботӣ Шоҳиён гуфт, ки баъди тасвибашон рӯйхати ҳавзаҳо ба нозирон дода хоҳад шуд.

Раиси КМИР барои таблиғи пешазинтихоботии номзадҳо ба президентӣ 20 рӯзро кифоя гуфт ва таъкид намуд, ки дар баъзе ҷойҳо ҷамъ намудани интихобкунандагон мушкил аст ва таклиф кард, ки номзадҳо бо интихобкунандагон якҷоя мулоқот кунанд: “Дар сурате, агар номзад имконият надошта бошад, аз номи ӯ метавонанд, ки шахси боваринокаш бо интихобкунандагон мулоқот намояд.”

Шоҳиён бо зикри таҷрибаи интихоботҳои солҳои гузашта гуфт, ҳар дафъа эрод мешавад, ки як нафар ба ҷои чанд кас овоз медиҳад: “Мо бояд тамоми чораҳоро андешем то ин кор дигар сурат нагирад. Барои ширкати беморон таваҷҷуҳи махсус дода истодаем ва шароит муҳайё мекунем.”

Дар мавриди иддаои қаблии мухолифин, ки шароити назорати интихобот дар навоҳиро надоранд, Шоҳиён афзуд, ки қонуни феълӣ теъдоди нозиронро маҳдуд накардааст ва аз аҳзоб даъват намуд, ки рӯйхати нозирони худро пешниҳод кунанд.

Баробари ин раиси КМИР аз аҳзоби сиёсӣ хост, ки ҳангоми таҳияи барномаи номзади худ, дар баробари мавзӯҳои аслии худ аз сулҳу субот дар кишвар фаромӯш накунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!