Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 январ 2017, 06:46

НАТО беморхонаро дар Либия бомбаборон кард

26 июл 2011, 05:56

Нерӯҳои низомии Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) касалхонаеро дар ғарбии Либия ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор доданд.


Тибқи хабарҳои расида, дар пайи ин ҳодиса 8 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки миёни эшон се духтур низ ҳаст. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, бар асари ҳамалоти мазкур бинои касалхона тахриб гардида, анбори таҷҳизоти тиббӣ валангор шудаааст. Дар ин бора ҳукумати маҳаллӣ ба ВАО иттилоъ додааст.

Дар ҳамин ҳол намояндагони НАТО аз додани иттилоъ ва шарҳи қазия худдорӣ мекунанд. Шабакаи телевизионии  "Россия-24" мегӯяд, ин хабар аз сӯи мақомоти низомии хориҷӣ ҳанӯз на тайид ва на такзиб шудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!