Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Президент ду дармонгоҳ кушода бо сохтмони сеюмаш шинос шуд

4 сентябр 2013, 14:53

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми сентябр, ду дармонгоҳ ва як озмоишгоҳи муосири навбунёдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти сохтмони иншооти азими шифохонаи бисёрсоҳа дар Душанбе шинос шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур шифохонаи нав бо 650 кати хоб, ки ҳамчунин дорои дармонгоҳ бо имкони 800 қабул дар як баст ва осоишгоҳ бо 200 кат ҳоҳад буд. Ба иттилои манбаъ шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ дар майдони 11 гектари шафати маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қаробоеви пойтахт бо харҷи беш аз 400 миллион сомонӣ дар ҳоли бунёд буда, бо шароити муоинаю ташхис, муолиҷа ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир навтарину беҳтарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар сохтмони ин иншоот ҳоло беш аз 700 нафар бинокорон бо кор таъмин гардидаанд ва пас аз ба кор даромадани ин шифохона, ки моҳи ноябри соли 2014 дар назар аст, беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!