Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:22

Зоиров дар Русия иттилои Шоҳиёнро санҷида, дурӯғ баровард

5 сентябр 2013, 11:00

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки аз 28-уми август то 3-юми сентябр дар Русия ва Қирғизистон қарор доштааст, дар суҳбат бо “Озодагон” ҳадафи ин сафарашро дақиқ кардани таъдоди муҳоҷирон ва расидагӣ ба мушкили чанде аз онҳо гуфт.

Зоиров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, баъди муроҷиатҳояш ба прокуратураи генералии Русия дар мавриди муҳоҷирин, чанд муҳоҷири тоҷик тариқи почтаи электронӣ аз ӯ кӯмак хостаанд: “Барои расидагӣ ба мушкили онҳо ба Маскав рафтам. Инчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия муайян кардем, ки танҳо дар шаҳру вилояти Маскав бештар аз 500 ҳазор муҳоҷири сабтшудаи тоҷик қарор доранд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон теъдоди муҳоҷиронро камтар аз 1 миллион мегӯяд, ки нодуруст аст. Муайян кардем, ки дар қаламрави Русия беш аз 1 миллиону 600 ҳазор муҳоҷири тоҷик қарор доранд ва дар мақомоти ин кишвар сабт шудаанд.”

Зоиров барои он, ки муҳоҷирон ҳуқуқашонро барои овоздиҳӣ амалӣ кунанд, танҳо дар шаҳри Маскав ташкили беш аз 170-180 ҳавзаи интихоботиро зарур гуфт ва афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав чунин имкониятро надорад: “Қонунгузорӣ мегӯяд, барои то 3 ҳазор интихобкунанда бояд як ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардад. Аммо дар Маскав шояд ҳамагӣ 3-4 ҳавза ташкил шаванд, ки дар онҳо фақат 10-12 ҳазор овоз хоҳанд дод. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик чӣ гуна ҳуқуқҳояшонро амалӣ хоҳанд кард, норӯшан аст. Он, ки мегӯянд, то интихобот аксари муҳоҷирон бармегарданд, ин ҳам нодуруст аст, чун 90 дарсади онҳо имконияти молии ҳатто баргаштанро надоранд.”

Дар мавриди муҳоҷирони алоҳидае, ки Зоиров барои ҳалли мушкили онҳо рафтааст, ӯ афзуд, ки аз онҳо танҳо як нафар, Равшан Муталлибов, узви Ҳизби сотсиал демократ аст. Зоиров қаблан қазияи Равшан Муталибов, муовини раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлонро, ки охири моҳи апрел дар фурудгоҳи шаҳри Краснодари Русия боздошт шуд, иқдоми махсус роҳандозишудаи мақомоти тоҷик арзёбӣ намуд.

Айни ҳол Зоиров мегӯяд, ки баъди дахолаташ дар ин парванда пешравиҳо ҳаст: “Аз парвандаи Муталлибов, ки гӯиё бо мухаддирот боздошт шудааст, мақомоти зидди нашъаи Русия даст кашида онро ба прокуратураи Краснодар роҳӣ кардааст. Мақомоти зидди нашъа дар парвандаи Мутталибов ягон далели исботшавандаро пайдо накардааст.”

Раиси ҲСДТ таъкид намуд, ки дар ин маврид ва чанд қазияи дигар ба прокуратураи генералии Русия муроҷиат кардааст, то онҳо дар доираи қонунгузории Русия ҳаллу фасл шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир

  • 5 сентябр 2013 12:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматулло Зоиров Президенти ояндаи Точикистон!! Агар Зоиров ба макоми Раиси Чумхур интихоб шавад,хамаи проблемахо дар муддати кутох хали худро меёбанд. Бовари дорем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мард орзуи 20 солаи мардуми сулхдусту озодихохи Точикистон аст
Посух додан
  • Мухочир

  • 5 сентябр 2013 14:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мард дар несту нобуд кардани миллати точик, чангандози ва дигар корхо чон фидо карда истодааст, хама медонад шуморо Зоиров шумо зархарид хастед, мардуми точикро ноором карда истодаед.
Посух додан
  • Усмон

  • 5 сентябр 2013 21:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ту дуруг мегуи ва ту мухочир набоши даркор!
Посух додан
  • hisor

  • 7 сентябр 2013 08:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
baroi muhojir ne baroi uzbaki hamshahrisha dar rasiya bo narkotik kapidan raftast in zoiruf.buxonen bolora besavodo.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!