Бахшҳо
05 сен 2013 13:43Тоҷикистон / Сиёсат

Ташвиши Раҳмон: Мактаббачаҳо дар 7 моҳ 500 ҷиноят кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5-уми август, ҳангоми ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Ҳисор, аз ҷавонону наврасон даъват намуд, ки "фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои алоҳида нагарданд".

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таҳлилҳо изҳор доштааст, ки аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундрав ва ифротгаро як қисми ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд. “Ҷавонону наврасони мо набояд фирефтаи дасисаи гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти хешро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд”,-таъкид кардааст ӯ.

Оқои Раҳмон инчунин аз ҷангҳои байнимактабиву задухӯрдҳои байниҳамдигари мактабхонҳо изҳори нигаронӣ намуда, афзудааст: “Худ қазоват кунед, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ кариб 500 ҳолати ҷинояткории аз ҷониби мактаббачаҳо содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Ин масъалаи бисёр ҷиддӣ ва ташвишовар буда, ҷиддан тақвият бахшидани корҳои тарбиявиро бо насли наврас тақозо менамояд.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, дар пешгирӣ намудани чунин падидаҳо падару модарон бештар бояд масъулиятшинос бошанд, зеро, пеш аз ҳама, онҳо бояд бо рафтору гуфтор ва кирдори неки хеш фарзандонро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунанд.
Мӯҳр
Чиноятро падарони мактаббачахо мекардаанд, на худи эшон. Аз мутолиаи ин матлаб дар tojnews.tj казоват кунед! Латукӯби капитани мустаъфии амният дар ШКД-и Шоҳмансур

али
Мухтарам президент холо ин журналхои авваласт. Вакто,шумо чавононро аз одобгохи мухаббат яъне масчид ман кардед боз чи мехохед хама намуна шаванд хозир шармандагихо дар пешаст. Ин уламоу масчидаст ки инсонро тарбияву солимакл мекунад,на насихатхои дуругинеки ба воситаи телевизиони ба шумо фурухташуда харруз пахш мешавад. Сари ин масалахам бояд фикр кард мухтарам ЧО.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)