Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:18

Муштзани амрикоӣ баландтарин ҳақмузд дар таърихи боксро мегирад

5 сентябр 2013, 13:55

Флойд Мейуэзер, муштзани амрикоӣ барои рақобат бо Сауд Алвареси мексикоӣ баландтарин ҳақмузд дар таърихи боксро хоҳад гирифт.

Барои ин дидор, ки 14-уми сентябр дар Лас-Вегас баргузор мешавад, Мейуэзер 41,5 миллион доллар ба даст меоварад. Ҳақмузди рақиби ӯ 12,5 миллион доллар хоҳад буд,-хабар додааст Yahoo!Sports бо такя ба иттилои Ричард Шефер, сарвари иҷроияи ширкати Golden Boy Promotions.

То ин замон рекорди баландтарин ҳақмузд барои як муштзанӣ ба Эвандер Холифилд мансуб буд. Ӯ дар моҳи июни соли 1997 барои қувваозмоӣ дар баробари Майк Тайсон 33 миллион доллар гирифта буд.

Мейуэзер дар ду дидори охираш 32 миллион долларӣ фоида гирифт. Моҳи майи соли 2013 муштзани амрикоӣ ҳамватанаш Роберт Геррерро шикаст дод. Аз ин пештар, бар Мигел Котто дастболо шуд.

Флойд Мейуэзери 36-сола дар ринги касбӣ 44 маротиба ба ринг баромада, дар ҳамаи онҳо пирӯз шудааст. Ӯ соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон дар версияи Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC) дар вазни то 66,7 кило аст. Ҳарифи ӯ Алварес 23 сол дошта, аз 43 дидор дар 42-тоаш дастболо ва яки дигарро мусовӣ анҷом додааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!