Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

Ошкоргӯии узви ҲНИТ боиси басташавии чойхона гардид (АКС)

6 сентябр 2013, 09:58

Масъулони Маркази назорати давлатии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба дари чойхонае, ки дар он Даврон Қодиров, узви Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ба ҳайси ошпаз кор мекард, муҳр задаанд.

Даврон Қодиров, ба қавли мақомоти ҲНИТ дар Суғд, тайи даҳ рӯзи охир таҳти фишори маъмурони амниятӣ қарор доштааст. Худи Қодиров се рӯзи пеш дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, маъмурони амниятӣ аз ӯ хостаанд, аз узвият дар ҲНИТ даст кашида, ба муқобили он сӯҳбат кунад. “Онҳо гуфтанд, якум бояд барои мо аз ҷаласаҳои ҳизб иттилоъ расонӣ. Дувум аризаи худро навишта, аз узвият дар ин ҳизб даст кашӣ. Ман бори аввал ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешудам, чӣ гуфтанамро намедонистам. Гуфтам, ҷосусӣ карда наметавонам, зеро аз хурдӣ ин хислат ба ман бегона аст. Лекин гуфтам, роҳи дувумро фикр мекунам”,- гуфта буд Даврон Қодиров дар сӯҳбат бо мо.

Аммо масъулони Маркази назорати давлатии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд рабти бастани чойхонаи “Акбар” бо қазияи Даврон Қодировро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, бештар вазъи санитарии чойхона сабаб шудааст, то онҳо ба дараш мӯҳр зада, барои ислоҳи камбудҳо тавсия бидиҳанд. Аз ҷумла, ба таъкиди онҳо тамоми коргарони чойхонаи “Акбар” бо либоси сафед таъмин шуда, коргарон бояд аз муоинаи тиббӣ гузаштаву дафтарчаи тиббияшонро пешниҳод кунанд.

Масъулони ҲНИТ дар Суғд мегӯянд, ин чойхона муддатҳост, ки фаъолият дошт ва эҳтимол борҳо аз назорати эпидемеологӣ гузаштааст. Ба бовари онҳо, мӯҳри дари чойхонаи “Акбар” дар Хуҷанд бештар ба қазияи Даврон Қодиров рабт дорад, ки ахиран сирри бозпурсӣ ва даъвати маъмурони амниятӣ барои сӯҳбат алайҳи ҲНИТ-ро фош кард.


Ошкоргӯии узви ҲНИТ боиси басташавии чойхона гардид (АКС)

Ошкоргӯии узви ҲНИТ боиси басташавии чойхона гардид (АКС)

Ошкоргӯии узви ҲНИТ боиси басташавии чойхона гардид (АКС)

Ошкоргӯии узви ҲНИТ боиси басташавии чойхона гардид (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • п

  • 6 сентябр 2013 10:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо номардон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як бор ошхонахои Душанбею Кулобу Кургонтеппаям хабар гиред кадом руз ТАРАКАН сарошпазу, ПАШША пешхизматиро аз дасти одамон кашида нагиранд боз)))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))
Посух додан
  • Олиха

  • 6 сентябр 2013 11:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охо, хама чиза аз русхо копи мекардем, акнун Онишенкои нав дар Точикистон пайдо шуд гуед.... Метарсам вуруди шоколадхое, ки ХНИТ барои гузаронидани ягон чорабиниаш харидори мекунад, манъ мекунанд.... Браво, Хукумат, зинда бод Онишенко, Да здравствует Россия!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эхха чаноби ХАКГУ дар чойхонахои Душанбе, Кулоб, Кургонтеппа ягон узви хизби нахзат кор намекунад дия ба фикрам агар кор мекард онхо низ ба талаботи санитари чавобгу мешуданд. Анаи фоидаи ХНИТ!
Посух додан
  • Мушохид

  • 6 сентябр 2013 12:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахудо хара хандаву буза бозиаш меояд. шармандаги
Посух додан
  • Behruz

  • 6 сентябр 2013 20:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Az aksho malum ki oshkhona toza va ozoda ast
har ruz har yak siri Hukumat fosh shuda istodaast
sharmandagi
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Даврон, хушо бар холат, ки аз барои кори хак ранч мекаши ва иншооллох сохиби савоби калон мегарди. Маъюс нагард, ки ризкдихандаи бехтарин (хайруррозикин) хамаро мебинад ва иншооллох дахчанд ризкатро васеъ мекунад. Харчанд аъзои хизби шумо нестам, баъзан бо худ фикр мекунам, ки агар фарз кардем замона дигар шаваду хамингуна таъкибу фишор нисбати аъзоёни ХХДТ раво дида шавад онхо чигуна истодагари мекарда бошанд. Фикр мекунам ва бовари дорам, ки дар муддати на зи ёда аз 1мох гайр аз "верхушка" ягон аъзо намемонад ва ба бастани дари чойхонаи онхо низ хочат намемонад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввалан, тибки Кодекси хукуквйронкунии маъмури (КХМ) «масъулони Маркази назорати давлатии эпидемиологї» салохияти бастани фаъолияти нуктаи хуроки умумиро надоранд. Ба онхо танхо хукуки бастани чаримаи маъмури дода шудааст. Дуюм, агар ин амалхои макоми давлати «муваққатан манъ намудани фаъолият» бошад, пас он чун чораи таъмини истехсолот танхо дар мавриди пешбини шудани чазои маъмури бо тариқи боздошти маъмурии фаъолият татбик шуда метавонад. Дар моддахои 112-118 КХМ, ки доираи парвандахои баррасии муассисахои назорати санитарии давлатии шаҳру ноҳияҳоро мукаррар мекунад, танхои чаримахои маъмуриро пешбинишудааст. Пас, «масъулони Маркази назорати давлатии эпидемиологии шахри Хучанд» аз доираи салохияти худ баромаданд, ки барои масъалагузории хукукии амалхои онхо асос медихад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!