Бахшҳо
07 сен 2013 14:03Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷузъиёти бозпурсии 4 узви фаъоли ҲНИТ дар Кумитаи амнияти миллӣ

Чаҳор узви ҳайати эъзомшудаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба Бадахшон, ки рӯзи ҳафтуми сентябр ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуда буданд, ҷузъиёти суҳбаташон бо маъмурони амниятиро шарҳ доданд.

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ ва яке аз даъватшудаҳо, гуфт, маъмурони амниятӣ бештар дар бораи баёноте, ки моҳи гузашта дар Хоруғ дода буданд, суҳбат кардаанд. Мусоҳиби мо афзуд, “чаҳор узви ҳайати эъзомшудаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба Бадахшон -- Воҳидхони Қосиддин, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Саодатшоҳ Адолатшоев ва ман Зарафо Раҳмонӣ, ки ба КДАМ даъват шуда будем, ширкат доштем. Дар ҷараёни суҳбат ба мо маълум гардид, ки манзур аз ин даъват ба хотири ошкор гардидани ҷинояти дар шаҳри Хоруғ рухдода будааст.”

15-уми августи соли ҷорӣ як ҳайат аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои анҷоми сафари корӣ ба вилояти Бадахшон рафта буданд, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтанд. Ҳамлагарон бештар Саодатшо Адолатшоевро мавриди латту кӯб қарор дода буданд, ки ҳоло раҳбарии бахши бадахшонии ҲНИТ-ро ба уҳда дорад. Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ низ хостори онанд, ки ин ҷиноят ҳарчи зудтар ошкор гардад.

“Моро барои он даъват карда буданд, ки дар бораи баёноти додаамон рӯшанӣ андозем, то барои таҳқиқи ин қазия ба онҳо кумак кунад. Ин суҳбати мо бо масъулини КДАМ тӯли якуним-ду соат давом кард ва онҳо хеле як суҳбати хуб анҷом доданд”,-афзуд Зарафо Раҳмонӣ.

Ин бори аввал нест, ки аъзои ин ҳайати эъзомшудаи ҲНИТ ба Бадахшон ба Идораи амният ва дигар ниҳодҳои давлатӣ даъват мешаванд. Чанд рӯз пештар яке аз аъзои ин ҳайат ба дафтари КДАМ дар Душанбе даъват шуда ва дар робита ба сафари ҳайат бозпурсӣ гардида буд.
Мӯҳр
Мухтарам кормандони Озодаон. Чй ин кадар аз намояндагони ХНИТ кахрамон меторошед. Имруз шохиди иштироки раиси ин хизб дар чаласаи тантанавй бахшида ба Рузи Истиклолият будам. Кабири хамин кадар хомушу доим чапак мезад, ки кайф мекардй. Биёед аъзои ин хизб кори худатонро кунед. Шуморо чи мондаасту дастгирии ин хизб!!!! Чашни истиклолият муборак! Озодагон озода бошу чоп кун!

фаромарз
ин хизб максаду кушиши бисёр дорнад на барой ислом.нияти мусалмон агар нек бошад ба максад мерасад

boz megued hukumat dar fikri mo nest.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)