Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Садамаи нақлиётӣ нагузошт, Сарвинози 21-сола арӯсӣ кунад

10 сентябр 2013, 10:58

Сарвиноз Нороваи 21-сола, сокини ноҳияи Зафаробод, ки рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ бояд арӯсӣ мекард, дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Наздиконаш мегӯянд, Сарвиноз ният дошт, ба ороишхона рафта, худро барои шоми арӯсӣ омода кунад, аммо дар роҳ ба садама дучор шудаву ҳама орзуҳояшро ба хок бурд.

Ҳамроҳи Сарвиноз дугонааш Ирода ва ронандаи мошин ҳам ҳалок шудаанд. Яке аз наздикони Сарвиноз ба “Озодагон” гуфт, мошинаи “Опел” ба канали обрав афтида ва гумон меравад, дар натиҷаи саривақт аз дохили об берун наовардан, ҷон бохтаанд.

Имрӯз, даҳуми сентябр, ҷасади Сарвиноз ва дугонаву ронандаи “Опел” дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба хок супорида мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шер

  • 10 сентябр 2013 11:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом вокеан хабари нохуш вале насиб хамин будааст "Инна лиллохи ва инна илиайхи рочиъун" ба хонадони фавтидахо Аз даргохи Худованд сабри чамил мехохам. Бозгашти хама ба суи Уст. Бо умеди тавфик Шер!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ino lillohi va ino ilayhi rojiun Khudo rahmatshon kunad

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!