Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:11

Қувваозмоии 8 даста дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013

10 сентябр 2013, 11:53

Имрӯз, 10-уми сентябр, бозиҳои аввали даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 оғоз мешавад.

Дастаи лигаи аввал - “Эсхата”-и Хуҷанд дар майдони худ бо тими лигаи олӣ- “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунад. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Насрулло Кабиров, Ҳасан Каримов (ҳарду аз Норак). Довари эҳтиётӣ: Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

Се бозии дигари даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 11-уми сентябр, баргузор мегардад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо тими “Энергетик”-и Душанбе ба сабқат мебарояд. Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд). Ёваронаш: Дилшод Назипов (Ҳисор), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худаш бо тими “Равшан”-и Кӯлоб рақобат мекунад. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор), Ҳасан Каримов (Норак). Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо дастаи “Истаравшан”-и Истаравшан қувва меозмояд. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов. Ёваронаш: Исматулло Муъминов, Ҳамза Шоймардонов (ҳама аз Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр (сешанбе)

“Вахш” - “Эсхата”
18-уми сентябр (чоршанбе)
“Энергетик” - “Регар-ТадАЗ”
“Равшан” - “Парвоз”
“Истиқлол” - “Истаравшан”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!