Бахшҳо

Ғолибони бозиҳои аввали даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои якуми даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикитстон-2013, рӯзи чоршанбе, 11-уми сентябр баргузор гардиданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ тими “Энергетик”-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Бозиро Хуршед Дадобоев доварӣ карда, ба ӯ Дилшод Назипов ва Умед Раҳимов кӯмак карданд. Голҳоро Сафаралӣ Каримов ва Аҳтам Ҳамроқулов ба ҳадаф расониданд.

Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худаш аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин бозиро Насрулло Кабиров доварӣ кард. Ёваронаш, Диловаршоҳ Орзуев ва Ҳасан Каримов буданд. Нимаи аввали дидор мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Орзу Додхудоев, бозигари дастаи мизбон дар дақиқаи 34-уми сабқат ҳисобро кушод. Ҳисоб (1:0) шуд. Дэвид Мауто, лигионери ганагии дастаи “Равшан” дар дақиқаи 40-уми сабқат тӯбро ба дарвозаи ҳарифонашон ворид намуда, ҳисобро баробар кард. (1:1). Нуъмон Ҳакимов, ҳамлагари дастаи “Равшан” дар дақиқаи 52-юми дидор тӯбро ба дарвозаи мизбонон ворид намуда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. (1:2).

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 1:2 пирӯз шуд. Ин бозиро бошад Сафармаҳмад Шоймардонов доварӣ кард, Исматулло Муъминов ва Ҳамза Шоймардонов ёварони ӯ буданд. Глаубер Да Силва, лигионери бразилиягии “Истиқлол” дар дақиқаи 47-уми бозӣ ҳисобро боз кард. (0:1). Фарҳод Тоҳиров, бозигари дастаи мизбон дар дақиқаи 70-уми дидор ҳисобро баробар кард. (1:1). Голи дуюми ғолибонро Дилшод Восиев дар дақиқаи 72-юми сабқат ба ҳадаф расонид. (1:2).

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр (сешанбе)

“Вахш” - “Эсхата”
18-уми сентябр (чоршанбе)
“Энергетик” - “Регар-ТадАЗ”
“Равшан” - “Парвоз”

“Истиқлол” - “Истаравшан”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)