Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Омодагии Олмон барои коҳиши хароҷоти барқ дар ТАЛКО

12 сентябр 2013, 13:22

Штефан Колер, роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Олмон имрӯз, 12-уми сентябр дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузургро баррасӣ кардааст.

Тавре дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, Штефан Колер дар ин вохӯрӣ иброз доштааст, ки Олмон ва хусусан ширкатҳои бузурги энергетикии он ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд.

Номбурда таъкид намудааст, ки кишвараш метавонад ба Тоҷикистон дар таъмини таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, аз ҷумла кам кардани хароҷоти нерӯи барқ дар Ширкати алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” мусоидат намояд.

Штефан Колер илова намудааст, ки Олмон аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ ҳамеаша дастгирӣ хоҳад кард. Колер аз омодагӣ ва ҷараёни ҳамоиши бузурги иқтисодии Тоҷикистону Олмон, ки имрӯз ва фардо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, ҳавасмандии устувори давлати хешро ба густариши бештари ҳамкории гуногунпаҳлу бо Тоҷикистон таъйид намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, навсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак ва дигар масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зимни ин вохӯрӣ миёни ҷонибҳо матраҳ гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!