Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

“Каён”-у “Профсоюз” барои Анҷумани Зоиров толор надоданд

13 сентябр 2013, 12:35

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯянд, чанд муассисаи Душанбе дархости онҳоро барои иҷораи толор барои баргузории анҷумани ҳизб рад кардаанд. Анҷумани сотсиал-демократҳо қарор аст, рӯзи 21-уми сентябр баргузор ва дар он масъалаи иштироки ин ҳизб дар интихоботи президентӣ рӯшан бишавад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 13-уми сентябр ба “Озодагон” гуфт, барои толор аз ҷумла ба меҳмонхонаи “Каён” ва Иттифоқи касабаи Тоҷикистон муроҷиат карда, аммо дар ҷавоб посухи рад шунидаанд.

Ба гуфтаи Ҳакимов, ахиран Шӯрои сиёсии ҲСДТ баргузор гардида ва ин Шӯро қарор кардааст, ки дар анҷумани навбатӣ, 21-уми сентябр масъалаи пешбарии номзад ба интихоботи президентӣ баррасӣ шавад. Ҳакимов таъкид намуд, баробари баҳси номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ки аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳамчун номзади ягона тавсия дода шудааст, эҳтимол аст, баррасии номзадҳои дигар низ сурат гирад.

Тибқи иттилои Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) аҳзоби сиёсии кишвар бояд масъалаи пешниҳоди номзадро дар анҷуманҳои худ аз 17-уми сентябр то 7-уми октябр муайян кунанд: “Вақте номзадро пешниҳод карданд, баъди санҷиш ин шахс расман дар КМИР сабт мешавад ва маъракаи таблиғотӣ шуруъ мегардад. Дар ин ҷо КМИР масъул аст, ки барои ҳамаи номзадҳо шароити якхеларо фароҳам орад.”

Шоҳиён барои маъракаи таблиғотии номзадҳо 20 рӯзро кофӣ донист. Интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон 6-уми ноябр дар Рӯзи Қонунии асосии кишвар ба нақша гирифта шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • акмал

  • 13 сентябр 2013 22:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хизбе ки пешбарии номзадаш ба макоми президенти тарсу харос дорад ба ки даркор аст. биёед бас кунед хизбозихои кудаконаатонро

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!