Бахшҳо
13 сен 2013 14:54Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Вазири маориф: Хостем аз Русия бештар духтарони омӯзгор биёянд

Дар пасманзари он, ки ВАО ва коршиносони Русия талоши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои даъвати омӯзгорон аз Русия ғайривоқеӣ мегӯянд, Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон ин пешниҳодро амалишаванда арзёбӣ намуд.

Саидов дар суҳбат ба рӯзномаи “Взгляд” барои қабули 4 ҳазор омӯзгори забони русӣ аз Русия изҳори омодагӣ кардааст. Вазири тоҷик изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳеч чизро аз пеши худ ва беасос намегӯяд ва агар президент ҷалби 4 ҳазор омӯзгорро аз Русия имконпазир хондааст, мо аз болои ин кор хоҳем кард.

Нуриддин Саидов зикр кардааст, ки масъалаи ҷалби омӯзгорон аз Русия аз ҷумла 450 хатмкардаи макотиби олии Русия ҳанӯз соли гузашта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин матраҳ буд: “Мо аз ин бисёр манфиатдорем, чун таълим ба забони русӣ ин чизи дигар аст. Он замон харҷи интиқолашонро ҷониби Русия ба уҳда гирифта буд. Ният доштем, онҳоро дар хобгоҳҳо ҷобаҷо кунем. Якҷоя бо Россотрудничество ва сафорати Русия дар Душанбе кор кардем ва мо ҳатто нақшаи ҷобаҷокунии омӯзгорон аз Русияро тарҳрезӣ кардем.”

Ба иттилои Саидов ҷониби Тоҷикистон хостори он шудааст, ки аз Русия бештар духтарони омӯзгор фиристода шаванд, то дар Тоҷикистон ҷуфташонро пайдо кунанду барои иқомати доимӣ бимонанд: “ Аммо чун моҳи августу сентябр фаро расид, ҷониби Русия хомӯширо ихтиёр намуд.”

Вазири маорифи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки забони русӣ дар кишвари мо аз синфи 2 то 11 таълим дода мешавад ва зиёда аз 10 макотиби олӣ кафедраи забони русиро доранд: “Аммо бо вуҷуд омӯзгорон намерасанд, чун аксари хатмкунандагон баъди анҷоми таҳсил ба хориҷ мераванд ё ба кори дигар мегузаранд.”
Мӯҳр
Бовар кунед аз хандидана рудаам меканад , вале боз гиря гулугирам менамояд, ки наход ба фарзанди ман чунин шахс вазири кунад. э вой бар холат миллати ба фано рафта! чи тавре, ки русхо мегуян "Богом забытая страна"!.

Durust kayd kardan janobi Vazir, boyad beshtar duxtaronro az Rusia ovardan darkor,ki dar injo Juft efta Izdivoch karda monand, baroi on ki Zanhoi Tojik hama dar Muhojiratan, Mardho dar xona xonanishinan, zanho namerasad.

Навгони: Вазири маориф: Хостем аз Русия бештар духтарони омӯзгор биёянд.

Сухроб
Магар дар точикистон омузгор нест ки аз росия омузгор меоранд. Ин хамон сиёсати ахмаконаи хукумат аст ки мардуми худро барои гуломи ба росия мефиристаду хиричихоро дар точикистон бо кор таъмин мекунад. магар ин сиёсати давлати шуд?

Озодагон, ними комментариям кани?)))))

я не понял им надо девушки, причем холостые, ?? Вам нужны преподователи или девушки для ваших корристные цели?? не стыдно минобру еще раз подтвердить такой идиотизм?? бо чунин вазирон РТ ягон кадам ба пеш намеравад!!

Ягон уруси боаклу сохибфикр ба Точикистон намеояд. Сад зур занед хам, дар Россия ва афкори чахони аллакай тасаввуроти муайян дар бораи кишвари мо ташакул ёфтааст. Ва, хайхот, он мусби нест. О, дар холе, ки барои омузгорони милли Хукумати "чоночони" мо шароити мусоиди кор фарохам оварда наметонад, чи тавр ин ухдадориро ичро мекунад? Дуруги навбати ва бенатича...

наврузшо
кур як бор асояшро гум мекунад шумо шанд бор? муаллимони русиатон точикистонро ба умеди мардикори тарк карданду шумо аз русия муаллим меоред. дар назди путин худро ширин карда . шармандаги хам андоза доштагист?

точик
муаллимони Руссия на камтар аз 1000 доллар нагиранд кор намекунанд. хамин 1000 долларро ба муаллими точик,ки маошаш 100 доллар аст дихед аз русхо хам нагз дарс хохад дод!

Огои Вазир вакат хакоратро медонанду халос бефархангии худро нишон медиханд бо комбинати полиграфии шахсии вазир чопи китобхои дарсии

Soro
ана вазиру мана вазир, афкори пуч, ҳазорҳо хоҳарону бародарони тоҷик бекору бо маоши ночиз иктифо мекунанд ва ин вазири " бовиҷдон" аз Руссия муаллима овардани, аввалаш ин ки ин гапо дуруғ, дуввум ин ки ҳамин маблағро ба ҳамватани худ диҳед бо ҷону дил аз урус дида, беҳтар ҷонфидоӣ мекунад.

555
Гоподину Саидову надо работать над улучшением условий труда и жизни наших преподавателей, и над повышением их оплаты труда, а не заглядывать в рот президенту и бездумно выполнять ничем не подтвержденные безумные высказывания. Вам бы господин Саидов зарплату наших учителей, а им вашу. Сделайте достойной оплату учителя и все проблемы с нехваткой преподавателей будут решены, будете отбирать их на конкурсной основе. Задумайтесь, неужели вы не понимаете, почему "...аксари хатмкунандагон баъди анҷоми таҳсил ба хориҷ мераванд ё ба кори дигар мегузаранд.”

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)