Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:10

Даъвати Узбакистон аз СҲШ барои наҷоти баҳри Арал

14 сентябр 2013, 09:33

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аз раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) барои ҳалли мушкилоти баҳри Арал кумак хост.

Каримов, ки рӯзи 13-уми сентябр дар иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Бишкек дар ин бора ҳарф мезад, гуфтааст, мо бунёдеро оид ба наҷоти баҳри Арал раҳбарӣ мекунем: “Фикр мекунам, ки кишварҳои мо метавонанд, барои ҳифзи Арал ва пешгириии ин фоҷиа кумак кунанд.”

Ба назари раисиҷумҳури Узбакистон СҲШ метавонад, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сармоягузорони байналмилалиро ба масъалаи баҳри Арал ҷалб кунад.

Ислом Каримов дар хотимаи суханронии худ ба ҳамтоёни тоҷикаш дар раҳбарии СҲШ комёбӣ хостааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Солеҳҷон

  • 14 сентябр 2013 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
а бача пир шиди охи бас к бра фикри мурданта к. ами арал кати амара девона кади. ай ами арал ягон фоида нест. просто тема када мегарди . и гапо кухна шидан дга ягон кас ихели гапора дар фикраш нест. так что ирам дониста бги мехохи намехохи, Худо хоҳад мо Рогунчона месозем.
Посух додан
  • Dev

  • 15 сентябр 2013 21:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Vakte urtok Karimov suhan najoft digar sar mekunad ba un harfhoe ,ki ijroyash noshudani . Ohir hohi ,ki Aral pur az ob boshad pas 36 "bahri" sun"ii dar kishvarat sohtaro , akalan dar fasli zimiston mon ,ki ob pojon jori shavad!Aral , Rogun, TALKo , GES-hoi kirgizho ...bahona baroi Islom-aka to ki harfe bijobadu mardumi uzbakro mashgul dorad... Mablaghoi tamomi uzbakiston dar jajbi hudashu duhtarosh , mardak boz mehod,ki kadom bunjode tashkil shavad,ki barosh pul orad...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!