Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:37

Муҳоҷирони бепулро ба Русия роҳ доданӣ нестанд

14 сентябр 2013, 13:19

Вакилони мардумии Санкт-Петербург тарҳи қонунеро барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ ироа кардаанд, ки вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қарамрави Русияро бидуни виза ва маблағ манъ мекунад.

Ин лоиҳа шаҳрвандони хориҷиии бидуни раводидро муваззаф мекунад, ҳангоми ба Русия омадан бо худ дар ҳаҷми шаш карати ҳазинаи зиндагӣ маблағ дошта бошанд. РИА Новости менависад, дар ҳоли ҳозир ин ҳазина 6131 рубл аст ва дар сурати шашкарат будан, беш аз 36 ҳазор рубл мешавад.

[media=http://mediabay.tv/channels/liveTv/106-Jahonnamo]

Ба иддаои намояндаҳои мардумӣ аз Санкт-Петербург ин маблағ бояд дар ҳисоби бонкии шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандии дар қаламрави Русия буда, мавҷуд бошад ва дар сурати зарурӣ барои исботи доштани чунин маблағ асноди лозим пешниҳод шавад.

Муаллифони лоиҳа гуфтаанд, бештари шаҳрвандони хориҷӣ, ки бидуни виза ба Русия меоянд, барои надоштани варақаи суғуртаи тиббӣ баргардонида намешаванд. Аксари занҳо барои кӯмаки тиббӣ ҳангоми таваллуд ба Русия меоянд. "Харҷи чунин хизматрасониҳои тиббӣ аз ҳисоби буҷаи давлатии Русия пушонда мешавад", -гуфтаанд онҳо.

Оғози моҳи август дар Русия қонуне тасвиб шуд, ки ҳаҷми ҷарима барои муҳоҷиронеро, ки қавоиди буду бош ва кор дар Маскав, Петербург ва вилоятҳои Маскаву Ленинградро нақз мекунанд, афзоиш ёфт. Охири август бошад, Думаи давлатӣ ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳатмӣ кард.

Ба иттилои расмӣ дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Русия 13 миллион муҳоҷир қарор дорад, ки наздики 3 миллиони онҳо ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба иттилои оморҳои ғайрирамсӣ ба ду миллион мерасад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!