Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Қаюмзод: “Саҳифаи Бобоназарова дар Фейсбук дурӯғин аст”

16 сентябр 2013, 08:58

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) аз корбарони Фейсбук хостааст, ба саҳифае, ки иддао мешавад аз они Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳталабон бошад, бовар накунанд.

Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, гуфт, “муаллима то ҳанӯз саҳифае дар шабакаи иҷтимоӣ боз накардаанд. Ба матолиб, мавод, маълумот ва ҳар он чизе дигар, ки дар ин сафҳа дарҷ мешавад, хоҳиш мекунем, бовар накунед.” Саҳифае бо исми Ойниҳол Бобоназарова дар Фейсбук ду рӯзи пеш пайдо шуда, то кунун ҳудуди 200 дӯст пайдо кардааст. Дар ин саҳифа акси хонум Бобоназарова ва ҳамчунин номаи хонандагону хабару маводи марбут ба интихоботи президентии моҳи ноябр нашр шудаст.

Дар саҳифаи “дурӯғин”-и Бобоназарова инчунин аз номи ӯ изҳороти Ҷунбиши Миллӣ беасос хонда шуда, гуфта шудааст, ки “шахси бовариноки ман одами наздики ман буда, дар давраи интихобот масъули кор бо рӯзноманигоронро ба дӯши худ гирифтааст”. Ҳарфҳое, ки ИНИТ онро бепоя мешуморад ва аз ҳамаи корбарон мехоҳад, аз "дӯстӣ" бо Ойниҳол Бобоназароваи дурӯғин дар Фейсбук худдорӣ кунанд.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд. Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун хамин хам ахбор шуду ....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!