Ҳимояти Раёсати олии ҲНИТ аз номзадии Бобоназарова ва...
Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи рӯзи 16-уми сентябр аз номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар интихоботи президентии шашуми ноябр пуштибонӣ кардааст. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), ки се моҳи пеш таъсис шуда, ҲНИТ ва ҲСДТ низ шомили онанд, рӯзи даҳуми сентябр Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷикро, ба унвони номзади ягона пешниҳод кард.
Мақомоти ҲНИТ мегӯянд, Раёсати олии ин ҳизб ҳоло номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба Анҷумани даҳуми ҳизб, ки рӯзи 17-уми сентябр баргузор хоҳад шуд, тавсия додаанд.
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |