Бахшҳо
18 сен 2013 11:50Тоҷикистон / Сиёсат

Абдуҳалим Ғаффоров боз барои курсии президентӣ сабқат мекунад

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури кишвар аз ин ҳизб пешниҳод шуд. Аз 78 вакиле, ки дар Анҷумани сотсиалистҳо дар Душанбе ҳузур доштанд, ҳамагӣ ба тарафдории ӯ раъй додаанд.

Дар ин Анҷуман инчунин номзадии Маъруфҷон Юсуфов, раиси ҲСТ дар Суғд ва Зариф Наимов, раиси ҲСТ дар Душанбе, низ матраҳ буда, вале онҳо номзадии худро пас гирифтаву Ғаффоровро номзади арзанда ба курсии президентӣ донистанд.

Дар ин Анҷумани сотсиалистҳо Муҳаммад Гулов, ки узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон будааст, баромад карда, аз Абдуҳалим Ғаффоров низ ситоиш намуд. Ӯ гуфт, “Ғаффоров авлоди ҳазрати Рӯдакист ва агар президент шавад, маҳалчигиро барҳам диҳаду занонро бо ҷои кор таъмин созад. Агар президент шаваду ришвагириро барҳам занад, қурбони ӯ мешавем”

Абдуҳалим Ғаффоров бори дувум аст, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзад мешавад. Вай дар интихооти соли 2006 низ бо Эмомалӣ Раҳмон, Исмоил Талбаков, Олим Бобоев ва Амир Қароқулов барои дарёфти курсии президенти вориди сабқат шуда, аммо шикаст хӯрда буд.
Мӯҳр
в
Масхарабози навбати. Авлоди Рудаки неву, гулингфуруш.

Чаноби Икс
Гапа бинед-а Абдухалим президент шаваду коррупсияро бархам дихад.Ба шумо чи шуд? Чаро шумо намекунед хамаи ин гуфтахоятонро???

Дар интихобот чойи якумро Абдухалим Гаффоров мегирад, чойи дуввумро Сайидчаъфар Исмонов, чойм саввумро Бухориев. Ин пешбинии ман аст, ана мебинед, ки набераи Рудаки президент мешавад

Кампири Ванга
Ха ха Ракиби ноустувор
"Дар ёд дошта бош, ки Имсол хам ба чунин нокоми дучор мешави!!!"
Пеш аз марг кампир ин суханхоро ба забон оварда буд

Итихобкунанда
Харяк шахс бояд фаросат дошта бошад ки чикор карда истодааст, магар Гафоров якбор фикр мекарда бошад ки вакте гуштинро натавонию ба майдон барои ва бо пахлавонон даст ба гиребон шави ё оббозиро натавонию ба як бахри чуккур дохил шави, бовар кунед ин як аблахист.
Ман ба Абдуҳалим Ғаффоров як тавсия медихам ва агар акл дошта бошад худаш ба як фикри дигар меояд, тавсия инаст: лахзае дар як манзарае дар лаби дарёчае дастатро дар пешониат монда такрибан 15 ё 20 дакика фикр кун, оё ба ин маком сазовор хасти ё на?

Dilshod
In gapoi a'zoi hxdt -na binena oxi nameshavad dar tuli 20 sol xudi hxdt mahalchigi korupsiya ro barham zanadu xudaton qurboni xudaton shaven? ))))

Домулло
Интихобот дар ТОчикистон ба як спектакл баробар шудааст. Намешавад,ки номзадхои арзандаро ба интихобот рох диханду ,мардумро аз ин холати бекориву, кашшокиву, камбизоативу, бебаркиву бепули рахо созад . То кай дар Точикистон хамин холат хукмфармо мемонад.

Hamin nomzada kheshonash nasnhinosand ba fikram digar hej kas namesinosad. Chunin peshvoyon dorem. Tanho dar arafai intikhobotho nomashon paido meshavand.

сарирохи аз куча
Рости ман тарфдори ягон номзад нестам. Чонибдори ягон хизбам нест. Кадоми хунар дорад, аз ичрои ин вазифаи пурмахсул баромада метавонад. хаёти сулху осоиштаро тамин карда тавонад.

Dev
Ba fikram , akai Abduhalim hamun yanga dazhe ba shumo ovoz dodanash ba gumon !

Салом устоди азиз Абдухалими набераи бобои Гаффор. Чи тавре, ки бародар DEV кайд кардааст, ки атто янга ба шумо шояд овоз надихад, Аз ин лихоз шумо як бор фикр кунед чи кор карда истодаед? шумо дар интихоботи парлумони ба Сухроб Шарипов зиддияти худро нишон додед, дар холе ки худи шумо барномаи интихоботии дуруст надоштед, аммо имруз мехохед бо Президент шавед,Ой мардаки хуб шумо рафта ягон кори каммасъулиятро бар душ гиред, кори кардаи шумо мисле, ки асп пояшро налъ задааст, курбокахам пой дароз кардааст, Илтмос на худата на мардуми шарифи Точикистона гам надех.

Шикампараст
Ой, бобои Абдугаффор! Агар дар Точикистон ягон номзад намонад хам шумо Президент намешавед! Шояд ба хотири он,ки сурататон дар катори номзадхо дар байни мардум пахн мешавад ин корро кардед? Бе ин хам симои шуморо ба як шахсе, ки нисфи дунёро кушта буд,монанд мекунанд.Айбро донед, то кай бозичаи дасти дигарон мешавед?

Ҳизбе, ки дар ҳафт сол як бор овоз мебарорад ва дар бисёр ноҳияҳо аъзо, идора надорад, боз 210 ҳазор имзо ҷамъ меовардааст.Ба ӯ гуфтанд, номзад шав, имзоро бароят мо ҷамъ мекунем, ту танҳо овози наҳзатиҳоро аз минтақаи худат гир шуд.
Инсоне, ки барояш ҳамсараш шояд овоз надиҳад, номзад мешудааст.
Мардум, чашматро кушо: ин номзади ҳукумат асту бас!
Наход ҳаминро надонӣ?

Бобои Ғаффор илтимос худатро шарманда накун. номзадиатро гир. Ба халқи тоҷик хиёнат накун. Ту худат хуб медонӣ, ки президент намешавӣ, чаро худатро масхара мекунӣ. шаъну шарафи инсониатро аз даст мадеҳ. Бе ҳамин ҳам касе ба ту овоз намедиҳад. Интихоботи гузашта шарманда шудӣ, бас набуд, ки боз худатро шарманда кардан мехоҳӣ. Илтимос мардиатро нишон деҳ ва номзадиатро пас гир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)