Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Ҷавоби радди Шоҳи Саудӣ ба номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон

18 сентябр 2013, 14:24

Шоҳи Арабистонӣ Саудӣ ба номаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди зиёд кардани квотаи ҳаҷ барои зоирини тоҷик посухи манфӣ додааст.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мо интизор доштем, имсол шумораи зоирони тоҷик беш аз 6 ҳазор шавад, вале Арабистони Саудӣ дархости моро рад кард.

Ба гуфтаи Мухторов, ҳоло дар маросими “Ҳаҷ-2013” ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ширкат мекунанд: “Ҳамаи онҳое, ки барои иштирок дар ин маросим пул супоридаанду тараддуди зиёрати хонаи Худоро доранд, бе ягон мамониат ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард.”

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз шоҳи Арабистонӣ Саудӣ хоста буд, теъдоди квотаро барои ҳоҷиёни тоҷик афзоиш диҳад. Нахустин гуруҳи зоирони тоҷик рӯзи 21-уми сентябр барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Нома ба ЧО

  • 18 сентябр 2013 17:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин худ як шармандагии як давлати кашшоки бо 2 миллион мухочири доштааш боз мехохад теъдоди хочихоро зиёд намояд. Худ казоват намоед, ки сатхи зиндагии имрузаи мо читавр аст.
Посух додан
  • tojik

  • 18 сентябр 2013 17:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
zindagi shukri xudo xub ast.talabgor ziyod shudastda.haj baroi kambagal nest.ba haj odami sharoitdor puldor salomatii xub doshtagi boyad ravad.agar ijozat dihand milionho tojikon meravand ba haj.yane ki puldor ziyod shudaast.xudo boz ziyod kunad.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй бечораи гурусна,дар аксарияти хонах,ои ин мардуми к,ашшок, то3-4 мошини опел аст.Аксарияти ин к,ашшок,они навбаромад нони хурдан надоранду 2 зани доранд,Ту касе навбоши гами худатро бихур!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар гуфтаи Мавлон Мухторов дуруст бошад, пас теъдоди зоирон ҳудуди шаш ҳазор нафар не. балки 4800 нафарро ташкил медиҳад. Зеро дар номае қаблан А. Сауди ба тамоми кишварҳо фиристода буд, гуфта мешуд, ки бояд 20% зоирон худро имсол коҳиш бидиҳанд. Чун ки ин кишвар бинобар амалисозии тарҳҳои сохтмонии наметавонад мардуми аз меъёри муқаррар гардида зиёдтар қабул кунад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нома ба ЧО,
Бо харочотхои дигар ба хисоби миёна 25000 сомони барои як нафар.150 млн хеле маблаг аст барои мо. Сохибхона танзим кардааст хеле хуб.
Посух додан
  • мухочир

  • 19 сентябр 2013 21:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хам гамхорихои пайвастаи Чаноби оли аст. чаноби оли доим хохони он аст ки мардуми азизи мо яке аз рукнхои мухими дини мубини исломро ба чо оранд. бародаро айб аст ки имруз мардуми худро кашок муарифи намоем. шукр мо аз хеч чиз кам нестем. танхо давлатамон каме коматаш кач аст. хамин ки коматаш рост шуд хамааш хуб мешавад. мо 21 соли истиклолро 9 солашро барои чанги байни кавмиамон бохтем ва хамакнун дар 13 сол хамикадар пеш мерави монед 20 сол шавад иншоолох кишварамон яке аз кишвархои тараки карда мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавоб ба Зиёи 2. 10. 13.
Зиёи ту мегуи,ки дар аксарияти хонахои ин мардуми кашшок, то 3-4 мошини опел аст.
аксарияти ин кашшокони навбаромад нони хурдан надоранду 2 зани доранд.
О ин хама аз сиёсати окилонаи ин президенти кишварамон мебошад дия!
Агар ин президенти кишварамон ва Окил-окилов боз 20 соли дигар хукумат ронан, мо натанхо сохиби 3-4 мошини намешавем, балки аз "хуррият" ба гуломи бармегардем.
Посух додан
  • Олмони

  • 29 сентябр 2014 09:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мошини зиёд ин кайхо нишонаи бои нест.Алалхусус,ки мошинхои урупоии кухна тарики Прибалтика оварда ва фурухта мешаванд.Хамон маблаги дар бардаги дар Руссия чамъкардаи мардикори точик боз муфт гашта ба кисаи мошинсози олмони рафта,ягон фоидае би кишвар намеорад.Танхо онхое,ки нафту газро дар кишвар монополия кардаанд,аз ин тарзи хариди мошинхои кухна мисли афгонхо фоида мебинанд дигар хеч.Он 2-3-миллиард долари мухочири гариб гашта ба маконаш меравад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!