Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:58

(ВИДЕО) Гулрухсори Сафӣ: “Мо ҳама гурги танҳоем дар ин дунё...”

18 сентябр 2013, 15:33

Гулрухсори Сафӣ, шоири шинохтаи тоҷик, бо Рулф Эрик Миистром -- устоди саксафон аз Норвегия рӯзи 18-уми сентябр дӯстдорони шеъру адабро дар маҳфиле бо номи “Акси садои Румӣ” гирдиҳам овард.

Хонум Гулрухсор дар оғози ин маҳфил гуфт, “мо ҳама гурги танҳоем дар ин дунё ва моро мусиқӣ, фарҳанг, сухан ва шеър ба ҳам пайванд мекунад ва имрӯз ҳам мо ҳамон гургҳои танҳоем, ки мехоҳем ба воситаи сухан, калом ва мусиқӣ ба ҳам биёем.”

Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, дар санъату ҳунар ҳазору як воситае ҳаст, ки мо ҳанӯз наомӯхтаем ва нашунидаем: “Мо ҳанӯз худро наомӯхтаем, ақаллан ба воситаи гиряи як оҳанг ба худамон наздик шавем. Ин дувумин маҳфили мост, ки дар чунин шакл доир мегардад. Маҳфили нахустин ду соли пеш дар Норвегия буд ва ин идеяи худи ман аст”,-афзуд Гулрухсори Сафӣ.

Хонум Гулрухсор аз шоирони шинохтаи тоҷик аст, ки соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолободи пешина ва ҳоло Нуробод ба дунё омадааст. Вай муаллифи бештар аз 80 китоб буда, осораш бо чанде аз забонҳои дунё баргардон ва ба табъ расидаанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Поэзия + саксофон = К Л А С С Н О !!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачам и найнавози нави Гулрухсор ай шашмакомой Норвегия гирифт-чй ?!
Эй неки оханги бисьёр дилвач,х, кунанда!
Аку кати кампирум х,ар шаб х,ами ох,анга месароем!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!