Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:38

Шоҳидии Низомхон Ҷӯраев дар мурофиаи Зайд Саидов

19 сентябр 2013, 15:20

Дар мурофиаи навбатии Зайд Саидов, раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав, ки рӯзи 19-уми сентябр дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ идома кард, Низомхон Ҷӯраев -- вакили собиқи Маҷлиси вилояти Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфара иштирок ва ба суоли додрасу вакилони мудофеъ посух гуфтааст.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, оқои Ҷӯраев дар ин мурофиа “нишондоди қаблияшро” нисбат ба нафари таҳти ҳимояти ӯ тасдиқ кардааст. Вале ин вакили мудофеъ ба далели мӯҳри махфӣ доштани парвандаи Зайд Саидов ҷузъиёти ин мурофиа ва аз ҷумла "нишондод"-и Ҷӯраевро ошкор накард.

Номи Низомхон Ҷӯраев дар парвандаи Зайд Саидов дар нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ пайдо шуд. Оҷонсии зидди фасоди молӣ он вақт бо такя ба нишондоди Низомхон Ҷӯраев эълон карда буд, ки гӯиё Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ ба зӯрӣ гирифтаву дар иваз пуштибонияшро ваъда додааст. Иттилое, ки баъдан Зайд Саидов воқеияти онро рад карда, дурӯғе беш надонист.

Рӯзи панҷшанбе (19-уми сентябр) дар баробари Низомхон Ҷӯраев инчунин нафаре бо номи Абдусамад Саидов дар мурофиаи Зайд Саидов иштирок ва бозпурсӣ шудааст. Додраси парвандаи Зайд эълон намудааст, мурофиаи навбатӣ рӯзи 20-уми сентябр идома карда, дар он шоҳидон пурсида хоҳанд шуд.

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта буд. Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ ҳисобидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • о

  • 20 сентябр 2013 08:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Низомхон баъд аз ин корхояш, ки хамаро фурухт чи хел дар байни мардум зиндаги мекарда бошад?
Посух додан
  • benom

  • 20 сентябр 2013 15:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Savol- in Juraev az kujo in kadar pul doshtast, ki ba hama 100 hazoru dusad hazor taksim mekardast??????? az kujo??????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!