Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:26

Як тиру ду нишони Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ

20 сентябр 2013, 09:11

Қарор аст имрӯз, 20-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Сочӣ, маҳалли Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2014, биравад.

Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳур, ба “Озодагон” иттилоъ дод ва гуфт, оқои Раҳмон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Сочӣ ва инчунин ҷаласаи сарони кишварҳои узви ОДКБ (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) иштирок хоҳад кард. Бино ба хабари мақомоти расмӣ, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр таҳти унвони “Неъматҳои Тоҷикистон” дар шаҳри Сочии Русия оғоз меёбад. Дар ин намоишгоҳ беҳтарин маҳсулоти кишоварзии кишвар, меваву сабзавот ба намоиш гузошта мешавад.

Сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, рӯзи 23-юми сентябр, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ОДКБ, сӯҳбати якбаяки Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин низ дар назар аст. Вале оқои Шарифзода нагуфт, аз рӯи барнома чӣ мавзӯъҳое дар гуфтугӯи Путину Раҳмон баррасӣ хоҳад шуд.

Сафари Эмомалӣ Раҳамон ба Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯз қабл матни созишномаи пойгоҳи 201-и ин кишвар ба парлумон пешниҳод шуд. Мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон бо Владимр Путин рӯзи 1-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардида буд.

Баъд аз ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, созишнома дар хусуси шароити будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аз ҷониби парлумони кишвар дар моҳи сентябри ҳамин сол ба тасвиб хоҳад расид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!