Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:08

Кабирҷон Ҷӯраев: “Мо ба мақоми президентӣ 10 номзад дорем...”

20 сентябр 2013, 09:39

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) мегӯяд, шахсеро ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ пешниҳод мекунад, ки ба ваъдаҳояш вафодор аст.

Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 21-уми сентябр анҷумани иттифоқ баргузор шуда, дар он номзади ИҶТ ба мақоми президентӣ муайян хоҳад шуд. Ба гуфтаи Ҷӯраев, дар ҳоли ҳозир барои номзадӣ ба мақоми президентӣ 10 нафар узви ИҶТ пешниҳод гардидааст. Муовини аввали раиси ИҶТ изҳор намуд, дар анҷумани мазкур ҳайатҳо аз 72 шаҳру навоҳии кишвар иштирок хоҳанд кард.

Ҷӯраев бар ин аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, Саидҷаъфар Исмонов, Толиббек Бухориев ва Абдуҳалим Ғаффоров номзади арзанда ба мақоми президентӣ мебошанд, вале ҳоло бояд аввал бо барномаҳои онҳо ошно шуд. Ин дар ҳолест, ки Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли 2006 бо як овоз аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури вақти кишвар пуштибонӣ карда буданд.

Кабирҷон Ҷӯраев мегӯяд, имсол номзад ба мақоми президентӣ аз сӯи ИҶТ шахсе интихоб хоҳад шуд, ки чеҳраи миёни мардум шинохта ва нафаре, ки ҳамеша сари қавлаш собит бошад. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсист, ки 12-уми октябри соли 1991 таъсис ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ИНТИХОБОД

  • 20 сентябр 2013 09:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
интихобот
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо ба акли солиму созандаи чавонон итминон дорем ва бовари дорем, ки Иттифоки чавонони Точикистон касеро пешниход кунад, пуштибони чавонони созандаи кишвар мешавад. Аз хамаи чавонони кишвар даъват ба амал меорам, ки номзади пешбаринамудаи чавононро самимона дастгири намоянд. ЧАВОНОН БА ПЕШ!!!
Посух додан
  • Маъруф

  • 20 сентябр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номзади Маликшо Неъматов монда шавад кулли чавонон дастгири менамояд. Планшетхоро фаромуш насозед чавонони мухтарам.
Посух додан
  • Darvesh

  • 20 сентябр 2013 10:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Agar yagon korkhonai davlati nomzadii Rahmonro dastgiri nakunad, hamon ruz az rais to farosh az vazifa meravand......
Посух додан
  • Платон

  • 20 сентябр 2013 13:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Кабирчон ун 10 нафарро ном намегирифта бошад ё метарсад?
Посух додан
  • said

  • 20 сентябр 2013 14:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
боз мабодо иттифоки шуморо махкам карда ба прокуратура фарёд накунанд?
Посух додан
  • чавон

  • 21 сентябр 2013 08:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо гайри президенти хозира дигар номзад надоранд, зеро кадр надоранд, мегуянд дар бист сол касе пайдо нашудааст бо президенти хозира баробар шавад , барои хамин агар касеи дигареро хам пешниход кунанд барои паказуха аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!