Бахшҳо

Фатвои Қарзовӣ дар бораи онҳое, ки 2-3 бор Ҳаҷ мераванд

Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон, аз зоирони Хонаи Худо, ки ҳар сол дар масими ҳаҷҷи фарзӣ дубора ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд, хостааст, аз ин амал даст кашанд.

Қарзовӣ дар посух ба соли яке аз хонандагони торнамои “qaradawi.net” гуфтааст, барои ҳоҷиёне, ки бори дуюм ва сеюм ба зиёрати Каъба мераванд, беҳтар аст, роҳро барои нафарони бори аввал сафардошта ҳамвор кунанд. Ба гуфтаи раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон, сафар барои ҳаҷҷи нофила дар мавсими адои ҳаҷҷи фарзӣ боиси афзоиши шумораи зоирон шуда, анҷоми рукнҳои ҳаҷро барои зоирони бори нахуст рафта, мушкил месозад.

Юсуф Қарзовӣ афзудааст, сабаби нокомии ҷаҳони Ислом дар рафти иҷрои лоиҳаву пружаҳои худ, мушкилоти иқтисодӣ нест. Ӯ мегӯяд, имрӯз мусулмонҳо ба қадри кофӣ молу маблағе доранд. Вале, мутаассифона, ноҷо сарф мешаванд: “Аз ин рӯ, аз бародароне, ки майли ҳар сол сафар кардан ба зиёрати Хонаи Худоро доранд, хоҳиш мекунам, ба як бор кифоя кунанд ё то ҳадди имкон дар 5 сол як бор бираванд.”

Раиси иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон такя ба аҳодиси паёмбар (с) карда, гуфтааст, ҳар нафаре, ки худ сер асту ҳамсояаш дар паҳлуи ӯ гурусна мебошад, муъмини комил нест. Ин дар ҳолест, ки қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон рафтан ба зиёрати хонаи худоро дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ барои шаҳрвандон дар 5 сол як бор иҷоза додаанд.
Мӯҳр
moshkeli en odam hamono kasali rawoni ast wa amalkadash ham bo rawehi wahobeit motobeqat dorad.
en che den wa mazhabi ast ke ke qarzowi fetwoi koshtan ro soder mekonad?
man nafahmeda estodam charo doston fetwoi ek odamkosh ro malok ensoni wa islomi qaror medehand?

Офарин ба Карзовй! Ин суханонро барвактар Президенти кишвар чандин бор такид ба такид гуфтааст. Рахмати зиёд ба Чаноби Олй!!!!

Шароф
Мангар ки мегуяд бингар ки чи мегуяд. Он харфаш, ки хато аст намепазирем ва ин харфаш ки рост аст кабулаш дорем.Бовар кунед рост мегуяд магар хочиёни мо кур хастанд, ки намебинан кучахохошон сангфаш несту садхо деха бероху бебарку беоб аст. О намешавад аз ин кадар худнмоида дар як деха як трансформатор насб кунанд пеши садхо одам рушан шаваду садхои нафари дигар оби тахорат гарм кунанд савобаш дахчанд аст. Шарт нест маблахои зиедро ба кисаи яхудиене рехт ки ширкатхои хавопаймои доранд е ба мехмонхонахоеи кадом як арабе бахшид ки дар таги пул хоб асту дар дубай арусбози карда мегардад. Ман сад дар сад тарафдори гапи Юсуф Карзови мебошам.safawi,

Албатта ба хач рафтану зиёрати Макка икдоми хело хуби мусулмон хаст.Сазовори номи Хочи шудан хам,хело хам амали сидкиву устувориро металабад.Лекин дар асл маколи хуби мардуми,гоххо садо медихад:"Феъли бад бар хун медаромадааст ва бо чон мебаромадааст".Хачравии баъзе шахсон хам ба равияи анъанахои нангу номус ва номбарордориву номбаланди чой гирифтааст.Кисми зиёди мардуми Точикистон,дар ёфтани камбудиву норасогихо ва дасткутохии хамдигар,таънаву маломат ва нописандиро изхор мекунанд.Аз кабили :"фалони бехад туи бодабдаба кард,фалон кас нихоят худоии серу пур кард,э мошини фалониро диди,э кандаша занад.ана марду мана мард.Боз мешунавем:"бачахои фалони кандашонро зананд.дар Россия пул кор карда,барои падарашон мошини сабукрави "Финфинити" харидаанд.Рафту омади ин сабукрав,маркази нохия-деха.Номус аз даст наравад.Хонахои дуошёнаи "еврокишлоки",видеову антенахои лаълиги дар болои боми хона.Нихоят мавзуи хачрави.Хайратро бинед,ки барои мусафеди умраш ба таи 70-расида дар деха хамин мошини сабукрави хоричи чи лозим бошад.Ё,хар сол дар мавсими хачрави фарзандон кушиш мекунанд.ки падар.амак ё тагояш боз бори чандум ба хач раванд,яъне.руи мусафед дар масчиди деха сурх нагардад.Холо аз руи накли мухочирон.чамъият бо се гурух чудо шудааст.Гурухи муллохову шогирдони онхо ва хамнишинхои онхо ,гурухи хочиён ва хачрафтахо,гурухи мардуми одди.Дар туй ва маъракохи худоиву садакахо,гуруххои аввалу хочиён махсус мавкеи алохидаро доро мебошанд.Гурухи одди бошад.яъне,дехконшаклхо,дар иштироки чунин маъракахо даъват намешаванд,ё фаромуш мешаванд,ё ин ки хозир будани онхо зарур нест.Дар даврони пири барои шахсони калонсолу умррафта,албатта хурмату эхтирому назари нек доштан аз тарафи чавонону мардони миёнасол бисёр зарур аст.Вале мо,аз руи фахмишу дарки имрузаи худ,чунон хам дар зери барномаи ботинии худ гаштаем,мусафеде,ки дар гузашта дехкон буду газалхои Хофизу Бедилу Мавлонор Румиро медонаду мегуяд,тахти хурмату эхтирому мадад намегирем,диккат танхо ба шахсони секарата хочи шудаву доллардорону мошиндорон равона шудааст....Сол ба сол сафи мухочирони чавони кундзехну бесавод дар Россия бисёртар шуда истодаанд...Бо вачх накл мекунанд,бобояш се бор хочи шудааст.падараш ду мошин дорад,худаш "мерседес"мехохад.Тагояш бизнесмени калон аст ...Хело хам хуб.Вале афсус,ки ба гайри ин баходихихо назару тахлили дигар дар ин хаёти гариби надорад.

RW
СУХАН АЗ ЗАБОНИ ДИГАРОНУ РАХМАТ БА ЧАНОБИ ОЛИ,,, ХУБ АСТ,,, ИН ОДАТАТОНРО НАПАРТОЕД!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)