Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

Мавзуна Чориева пешниҳод кард, Эмомалӣ Раҳмон номзад шуд (АКС)

21 сентябр 2013, 11:48

Аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки субҳи 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе гирдиҳам омада буданд, якдилона Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи президентии шашуми ноябр донистанд.

Пешниҳоди номзадии оқои Раҳмон аз забони Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон, садо дод ва аз тарафи аъзои дигари Иттифоқи ҷавонон ҳимоят ёфт.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсист, ки октябри соли 1991 таъсис ёфта, раҳбарияшро Маликшоҳ Неъматов ба уҳда дорад ва Рустами Эмомалӣ -- писари раисиҷумҳури Тоҷикистон яке аз муовинони ӯст. Дар интихоботи гузаштаи президентӣ низ ин иттиҳод Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кардаву аз ӯ ҳимоят намуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, бар рақибонаш пирӯз омадааст. Вай дар маҷмӯъ, 21 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад ва дар сурати пирӯз омданаш дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ ҳафт соли дигар ба курсии президентӣ такя хоҳад зад.

Бо номзад интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон сафи довталабони курсии президентӣ дар интихооти моҳи ноябр ба шаш нафар расид. То ин дам Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова, Ҳизби демократ Сайидҷаъфар Исмонов, Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоевро ҳамчун номзад пешниҳод карда буданд.


Мавзуна Чориева пешниҳод кард, Эмомалӣ Раҳмон номзад шуд (АКС)

Мавзуна Чориева пешниҳод кард, Эмомалӣ Раҳмон номзад шуд (АКС)

Мавзуна Чориева пешниҳод кард, Эмомалӣ Раҳмон номзад шуд (АКС)

Мавзуна Чориева пешниҳод кард, Эмомалӣ Раҳмон номзад шуд (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Комрон

  • 21 сентябр 2013 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи кор хам мекард? мачбураш карданд, чаноби оли гуфта пешниходаш кун, вагарна хамин чоизахои додагиямонро мегирем. Созмони чавонон чучахои ХХДТ аст, инхо на андешадоранду на озоди.
Посух додан
  • Соддик.

  • 21 сентябр 2013 12:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир ин мавзуна чараева худаш ки,ки бо номзадии Рахмонро пешниход мекардааст?
Охир хамин мавзуна ранги мулохои дарбории хукумати тахти фишори хукумат аз рахмон дастгири мекунанд.
Посух додан
  • Кулоби

  • 21 сентябр 2013 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо мардуми Кулоб тасмим гирифтем,ки ба нафаре овоз медихем,ки дар Чумхурии Точикистон,бекори ,бебарки ,беадолати,вазифафуруши дар макомотхои давлати,хешутаборбози ва махалгарои,роххои пулаки, фасоди ва ришвагири,маош ва нафакахои ночиз,нарххои дастнорас ба сузишвори ,хуроквори ва дорувори андозхои баланд, шиканча дар зиндонхо,, сатхи пасти зиндаги ва факр ва гайраву хоказоро бархам зада тавонад.
Ин проблемахо дар 20 соли рохбарии Рахмон хали худро наёфтаанд ва дар хафт соли дигар нахоханд ёфт.
Посух додан
  • тч

  • 21 сентябр 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чорум бор нишастан ин шарм аст...

Кучост он мохияти "чавон" доштани ин иттифок-а???? Хамон пирхо чи коре карданд ба ин давлат, ки шумо "чавон-хои пирпараст мекунед-а?"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Чавони Кулоби! мо мардуми минтакаи Рашт гуфтахои шуморо хаматарафа чонибдори намуда аз Чунин Номзаде, ки шумо васфаш кардед чонибдори менамоем!
тавре шумо зикр кардед, ин мушкилот дар 21 сол хали худро наёфт, дар 7 соли оянда нахохад ёфт!??
Посух додан
  • tojik

  • 21 сентябр 2013 15:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ofarin mavzuna-rahmon behtarin prezident ast.
Посух додан
  • варзишгар

  • 21 сентябр 2013 15:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мавзуна аз варзиш ба сиёсат гузаштед? нав малум шуд хонаро хукумат ба чи максат ба шумо додааст. мутакид бош оянда сохиби ч,ав намегрди медал усу беста. сиёсат як чизи касифааст хангоме варзишгар ба сиёсатмадор мубадал шуд аз врзиш худо хофизи мекунад.
Посух додан
  • Армон

  • 21 сентябр 2013 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Харчанд дар ин чаласаи хузур надоштам вале ман хам бо хамин чавонони хуштолеъ хамрохам ва ифтихор менамоям, ки як нафар Кахрамондухтари точик, ки барандаи медали Бозихои олимпи хаст, номзадии шахсияти арзандаро пешбари намудааст. Онхо дар чаласаи хузур доштанд, вокеан шахсони хушбахт ва дурбину ояндсоз хастанд. Муваффакият насибатон бод чавонони кишвари Сохибистиклол
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунин сифатхоро, ки чавони кулоби бархак васф кардааст, танхо ХУКУКШИНОС дошта метавонад. Тачрибаи Россия нишон медихад, ки намояндагони ин касби начиб кудрати тахлили амики равандхо ва аз вартаи халокат баровардани кишварро доранд...
Посух додан
  • Pangazi

  • 21 сентябр 2013 19:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалому алайкум.
Кулобиву Рашти,
Ман бачаи Ашти,
Ба фикри шумо, рози,
Хаста шудам аз хешбози,..
Худо хохад хамааш зур мешавад агар хаммаи мо якдилу якчон шавему Ватанро обод кунем, хешутаборбозиро, ришвахуриро ва боз гайраву хоказоро. Галаба мекунем агар рузи интихобот ба номзади гайри хукумати овоз дихем. Гайрат кардан даркор, Худованд гаюру гайратмандро дуст медорад. Боки Худованд нигохбонатон!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Уважаемая Мавзунахон я вас конечно уважаю но хочу спросит: Сколько книг вы читали в своей жизни. Ваша привилегия это спорт а не политика. Пусть каждый займется своим делом. ОК. Ты наша гордость в спорте и останься им не вмешивайся в политику а то крайней будешь. Поддерживаю как Памирец - Кулябца,Рашти и Ашти. Выбор за нами господа.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кулоби,Ин тавр,ки бошад,ба ман овоз дихед.Яъне Точикистонро ба Россия дароред.
Посух додан
  • Хакбин.

  • 22 сентябр 2013 07:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба фикр ронии Кулоби, Рашти ва Ашти тарафдори хохам кард. Дар асл ман аз минтакаи Кургонтепа мебошам. Боз чизи дигар ин ки хамин шакар ширин асту бисер истифода бурданаш зарар дорад. Шакара камаш бех. Афсус,ки фишорхоро болои чонибдорони ин номзад арзони дида истодааст. Дар чомеъаи зулм авч гирад Худованд ин чомеъаро халок мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хамаатон Шумо хато мекунед,агар Эмомали Рахмон намешуд имруз Точикистон вучуд надошт бояд мо шукри истиклол ва озоди кунем.
Посух додан
  • tojik

  • 23 сентябр 2013 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
mavzuna az mehnatu jasurii xudash oburu va foida giriftaast.baroi emomali hak guftaast mavzuna.zinda bod rahmon.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!