Дар ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Комилови 59-сола, мудири хоҷагии мактаби таҳсилоти умумии№ 134 дастгир гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, номбурда истиқоматкунандаи деҳаи Чоргул буда, дар давоми фаъолияти кории худ аз вазифаи ишғолкардааш сӯйистеъмол намуда ба азонихудкунӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр даст задаст. Гуфта мешавад, мудири хоҷагӣ шурӯъ аз сентябри соли 2005 то моҳи январи соли 2011 бо роҳи пешниҳод кардани табелҳои қалбакӣ оиди музди меҳнат ба муҳосиби мактаби мазкур бо маблағи 6167 сомонӣ санад ирсол кардааст.
Зимнан, Комилов ба номи духтараш Таманнисо Комилова маблағи 2995 сомонӣ, ба номи бародараш Одил Комилов 2717 сомонӣ ва ба номи истиқоматкунандаи деҳаи Чоргул Исмоилова Идигул маблағи 455 сомонӣ маош навишта, ин маблағҳоро ғайриқонунӣ ба ҷайби худ задаст.Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр