Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

ВКД мегӯяд, имшаб Алимурод Махановро нишон медиҳад

24 сентябр 2013, 09:02

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, навори боздошту эътирофи Алимурод Маханов ва гурӯҳи ҷиноии ӯ, ки қасди амалҳои террористӣ дар Душанберо доштаанд, бо номи “Аҳримансиришт” шоми 24-уми сентябр тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш хоҳад шуд.

Ин гуруҳи даҳнафарӣ узви Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ, ду созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, буда, ҳафтаи гузашта дар ҳудуди Душанбе боздошт шудаанд. Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов ва гурӯҳи ӯ қасд доштанд, дар остонаи интихоботи президентӣ чаҳор дарвозаи Душанбе ва, инчунин, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро битарконанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ аз қазия ҳам мегӯяд, ҳангоми боздошт аз ин гуруҳи террористӣ ду таппончаи “Макаров”, тирдон, либосҳои ҷангӣ, камарбанди интиҳорӣ ва китобҳои динӣ ёфт шудааст. Ба қавли манбаъ, худи Алимурод Маханов, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз парвардаҳои мактаби террористии Вазиристон буда, “шогирдонаш”-ро бо роҳи фиреб ба хориҷ мефиристодааст.

Дар таблиғи барномаи “Аҳримансиришт”, ки аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш мешавад, дидан мумкин аст, ки Маханов ин ҳама гуноҳҳоро “ба гардан” мегирад. Дар асл, қарор буд, ин барнома шоми 23-юми сентябр намоиш дода шавад, аммо бо сабабҳои номаълум ин намоиш ба рӯзи 24-уми сентябр гузошта шудааст. Мақомот мегӯянд, шоми 25-уми сентябр инчунин барномаеро дар бораи овозаи табдили як духтар ба писар дар Панҷ намоиш хоҳанд дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • А

  • 24 сентябр 2013 09:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Монтаж тамом нашудас барои хамин ба таьхир афтод .ачоиб корхо.хамун аз барномаи вкд ахбор гуянд намешад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале дуруст аст. Дар вакти монтаж кардан ин терористро аъзои ХНИТ карор доданашонро фаромуш кардаанд ин шаб хамаш маълум мешавад.
Посух додан
  • Амрохон

  • 24 сентябр 2013 09:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"ҳангоми боздошт аз ин гуруҳи террористӣ ду таппончаи “Макаров”, тирдон, либосҳои ҷангӣ,....................... " ма сооооооф нафамидм, чхел ду тапонча ва ика хлапушка кати ино душанбера ба хок яксон мекадан.
карочи, амишам як дуруги бофтаву сохтаи мақомотаст.
Посух додан
  • бетараф

  • 24 сентябр 2013 11:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О инхо чихел гурухи терористи ки хамаги ду тапонча доштиян бо чор дарвозаи шахра мекафондиян о хамин дарфозаи шахр ба терористхо чи лозим!Инхоро дар вакти интихобот боздошт намуданд хандаовар боз ин чихели ВКД ки зуд хабараша пахн намекунаду мешинад мантаж кард шармандаги аз ин зиёд намешавад!Барои гурухи шаш нафараи Мулло Абдулло хукумат тамоми армияша бо шумули мухолифон сафарбаркарда буд,баро Имом Назар ки рох гашта наметавонист тамоми армия рафт аммо барои боздошти дах терористе ки дар Вазиристони покистон таълим гирифтаанд чор корманди ВКД боздошташон кардаанд ба онхо унвони "кахрамони" дихед!Чойи лахзахои гуворо ва гарибщо компания тангшидестай руз то руз!!!
Посух додан
  • Имшаб

  • 24 сентябр 2013 13:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имшаб кудаконро аз назди телевизор дур нигох доред, ки дуруггуиву тухматкуни наомузанд. Имкон бошад худатон хам ин мултфилмро тамошо накунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хелин хоинони миллатро муи сарашро тарошида вориди зиндон кунед!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар кишвари ҳақиқатан демократи ҳидисае рух диҳад лаҳза ба лаҳза онро ба мардyм нишон медиҳанд вале дар кишвари димократии ҳyқyқбинёди мо гурyҳи 10 нафараи терористонро дастгир мекyнанд вале 3 руз мешавад хабаре аз гуруҳ нест. То ба кай дуруяги, то ба кай мардумро дуруғ гyфтан, то ба кай шаҳрвандони хyдро ба террористy ехтремист туҳмат кардан. Агар нағз фикр кунем сабаби асоси даст доштани шаҳрвандони мо ба ин роҳи манфyр худи мо ва ҳyкyмати мо мебошад. Бади истиқлолият не як мактаби дурyст сохтем не як заводу фабрикаи дуруст ки фарзандон машгyли дарсy кор шавандy ба ин роҳи бад даст назананд. Хайр терористонро дастгир кардед чаро ба хабарнигорон хабар намедиҳед ки ки ҳастанд чи мехостанд то мардyм зудтар фаҳмандy хyдро аз хатар емин нигоҳ доранд. Аз рафтори ВКД малyм аст ки агар ин ҷавонҳо мушеро куштани бошанд ё агар пyшаймон шyда ба ватан барғашта бошанд ҳам инҳоро ба торористони хатарнок душмани миллати вонамyд карда мардyми содаи моро тарсондани мешавандy дар охир бадноми Наҳзатy мyсалмонҳоро дар назар доранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!