Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Зоиров барои исботи ноҳаққии Шоҳиён иттилои ФМС-ро нашр кард

24 сентябр 2013, 10:46

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, иттилои тозаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ФМС)-ро овардааст, ки ноҳақ будани Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Зоиров мегӯяд, Шоҳиён ноҳақ аст, вақте теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 800-900 ҳазор нафар мегӯяд ва барои исбот омори расмии ФМС –ро овардааст: “Тибқи иттилои ФМС ба ҳолати 2-юми сентябр дар қаламрави Русия расман 1 миллиону 229 ҳазору 324 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз ин 1 миллиону 52 ҳазору 295 мард ва 177 ҳазору 29 зан мебошанд ва аз ин беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафарашон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.”

Зоиров меафзояд, ба ғайр аз ин омор ҳастанд муҳоҷирони тоҷике, ки расман сабт нашудаанд ва теъдоди онҳо аз 200 то 400 ҳазор арзёбӣ мешавад. Зоиров инчунин аз шаҳрвандони дутабаа зикр карда, гуфтааст, шумораи тоҷикистониёне, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз 250 то 450 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.

Раиси ҲСДТ бо зикри муҳоҷирон дар Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Эрон, Украина ва дигар кишварҳо таъкид мекунад, ки айни ҳол ҳадди ақал беш аз 2 миллион интихобкунандаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қарор доранд, ки қариб нисфи интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол Зоиров қарори КМИР-ро, ки муҳоҷиронро ба раванди ҷамъоварии имзоҳо барои пешбарии номзад роҳ надодааст, зидди Сарқонун хонд.

Аммо масъулини КМИР қаблан эълон доштанд, ки дар Русия ҳудуди 800 ҳазор интихобкунанда аз Тоҷикистон қарор дорад ва то интихоботи президентӣ-6 ноябр бисёри онҳо ба Ватан хоҳанд баргашт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • max12

  • 24 сентябр 2013 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мана хакикати гап ))) Зоиров аз бовари баромадаги буди аммо ин корат нагз.. бигузор дар чашми мардум хок назананд ва халки Чумхуи доданд ки чикадар Точик сарсону саргардону мухочиранд! мана аз ки ин Шохиен ва болобудаи Шохиен меларзанд ..!!!
Посух додан
  • мухочир

  • 24 сентябр 2013 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саломат бош Р Зоиров худо нигахдорат бошад. ИншоАллох мо ба хамрохи пируз мегардем!
Посух додан
  • Соддик

  • 24 сентябр 2013 11:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман як фарди мухочир аз хукуки фарди, шахрванди ва конистутсионии хеш истифода карда гуфтаниям,ки ин шохиен сад дар сад дуругуй мебошад. У барои аз даст нарафтаи курси ва мансаб пуштибони аз чаноб мекунаду зиди конуни ЧТ амал карда истодааст.
Посух додан
  • Фира

  • 24 сентябр 2013 11:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман сад дар сад бовари дорам ,ки аз хамин 1.2 милион мухочир нисфи зиедаш барои овоздихи намеояд . Баъд ин Зоиров барои худ кушиш карда истодааст ,ки гайр аз мухочирони мехнати дигар кас ба онхо овоз намедиханд . Як ду мулло буд ки капида махкам карданшон
Посух додан
  • Мухочир

  • 24 сентябр 2013 12:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хамаи мардуми точик сарчамъ шуда ба тарафдории номзадии хонума Ойнихол Бобоназарова ба макоми Раиси Чумхур овоз диханд ,иншоаллох мо мардуми ба ору номуси точик аз ин режими худкома, халос хохем шуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фира,
Бародар, ту ин гапатаро дигар ҳаргиз ва дар ҳеч куҷо нагӯ!!! Агар интихоботот шаффоф гӯзарад, ҷуз мансабдорону муйсафедони давраи ҷанг, дигар касе ба ин Ҳукумат овоз намедиҳад. Ҳатто ҳамон мансабдорон ҳам
Посух додан
  • Ватандор

  • 24 сентябр 2013 14:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гуш кун бародар саткаи хамин давлати тинчу ором шави. Ношукр ин хизматхои чаноб буд, ки точикистон точикистон шуду ту барин ношукрон забон баровардед. Дар хамон давраи хасос агар худи шумо мешудед аз багали модарат берун намебаромади.
Ин хизмати чаноб аст халолаш бошад. То рузе хаст барои мо точикон рохбар бошад.
Бародар халк худаш медонад, ки киро интихоб кунад.
Бовар дорам,ки бе ягон мухобот 79,8% Эмомали Рахмон овоз мегирад.
Инро кули чавонони кишвар ва дигар табакахои чомеъ, ки хизмати Чаноби оли медонанд овоз медиханд.
Бехуда сафсатагуиро бас кунед. Ба фикрам худи шумо аз ухдаи идораи хамон оилаи худ намебароед.
Озодагон агар озод боши чоп кун то фахмад хамин хел беномусони миллат.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ватандор, Шумо ин кадар асаби нашавед. Дар мардуми мо тахаммулпазири (толератность) ва эхтироми мавкеи дигар, фикри дигар нест. Аз ин боис, одоби муоширатамон хеле паст аст. Хар кас аллакай мавкеи худро муайян кардааст ва танхо таърих ба хизмати ин ё он шахсияти маъруф бахои вокеи хохад дод. Агар ба Шумо шахсияти президенти амалкунанда кабул бошад, боке нест, ин интихоби Шумост ва кобили эхтиром аст. Лекин нафар дигар уро кабул надорад ва ба номзади дигар таваччух дорад, Шумо низ бояд ин интихобро эхтиром намоед. Ин аст "пилосопияй" демократия. Набошад, холи мо аз Ливияву Ирок бадтар мешавад ва мургони хаво ба холамон гиря хоханд кард. Чи хел фахмиди, чура?
Посух додан
  • Саёди Савр

  • 24 сентябр 2013 18:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ватандор,
Эй Ватандори беномус. Дакик медонем, ки ту кадоме аз он нафаронести, ки аз ин хукумату чаноб хеле манфиат дидаи. Масалан, шояд вакте ягон кората огоз карди, кадом наздикони чаноб (агар худашон набошанд) гуфтааст, ки "то ма хастум бху бгад" ва метарси, ки пас аз иваз шудани сарвари давлат, кумитаи андоз аз ту хакки далатро талаб мекунад ва мувофики конун дар вактхои зарури корхонаатро санчиш мекунанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!