Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Ҳимояти шаҳрдорӣ аз ҳиҷоби донишомӯзон

24 сентябр 2013, 14:33

Мелисбек Мирзоаҳмадов, шаҳдори Уши Қирғизистон аз ҳуқуқи донишомӯзони рӯсарипӯши ин минтақа ҳимоят кардааст.

Мирзоаҳмадов, ки рӯзи 24-уми сентябр дар ҷаласаи шаҳрдории Уш дар ин бора суҳбат мекард, ба мақомоти зирабт дастур додааст, то ҳуқуқи ҳиҷобдоронро поймол накунанд.

Шаҳрдори қирғиз мегӯяд, ки кишвараш як давлати демократӣ буда, интихоби дин дар он озод аст, бо вуҷуди ин ҳанӯз қонуне дар бораи либоси ягонаи мактаббачагон дар Қирғизистон қабул нашудааст: “Аз ин рӯ, шаҳрдорӣ ҳақ надорад, духтаронро аз ба бар кардани ҳиҷоб ва пӯшидани либосҳои мазҳабии худ манъ кунад.”

Мелисбек Мирзоаҳмадов гуфтааст, нисбат ба оне ки духтарон ба марокизи дилхӯшӣ рафта, нушокиҳои спиртӣ менӯшанд, беҳтар аст, бигзоред, донишомӯзон ҳиҷоб ба бар намуда, як зиндагии хубу дурусти мазҳабиашонро дошта бошанд.

Шаҳри Уш, ки аз он пойтахти ҷанубӣ низ ном бурда мешавад, дар минтақаи ҷануби Қирғизистон ҷойгир буда, бо зиёда аз 230 ҳазор сокини худ, дюмин шаҳри сераҳолитарини ин кишвар маҳсуб мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон Ибрат гиред!
Посух додан
  • Shodi

  • 24 сентябр 2013 16:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Sarlavharo xonda xush hol shudam ki shahrdori dushanbe boshad gufta. Ammo afsus.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озоди дар хамсояКишвар дар холи рушд аст. бисёр мехостам то мардуми мо аз бародарони Киргизи худ ибрат гиранд. вокеъан барои Точикистон зарур аст то аз тачрибаи Киргизистон истифода намояд. дар шароити кунуни ягона рохи расидан ба ОЗОДИ барои мардуми озодихох ва бо фарханги Точик чонибдории катъи аз номзади ИНИТ Хонум Ойнихол Бобоназарова мебошад.
Бовари дорам, ки Ойнихоли точики аз Розаи киргизи хеч ками надорад.

бо умеди расидан ба Озоди ва Истиклолияти комил!


Озодагон озод бош!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!