Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:47

Додгоҳ аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ талаб кардааст

24 сентябр 2013, 16:39

Рӯзи 24-уми сентябр дар нахустин мулоқоти додгоҳии масъулини нашрияи “Самак” бо намояндагони шоир, Аскар Ҳаким, додрас аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ боҷи давлатӣ талаб намудааст.

Дилшоди Абдулмаҷид, масъули ҳафтаномаи “Самак” дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, додрас ба далели он, ки Аскар Ҳаким, даъвои рӯёнидани 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавиро пеш гузоштааст, талаб кард, ки аз рӯи қонун бояд ҷониби даъвогар дар ҳаҷми 0,7 фоиз ҳаққи даъворо супорад: “Махфиратҷон Азимова, додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ талаб намуд, ки дар муддати 10 рӯз ҷониби Аскар Ҳаким ба буҷаи давлат 1050 сомонӣ боҷ супоранд ва танҳо баъд аз ин баррасси даъвои ӯ оғоз хоҳад шуд.”

Аскар Ҳаким, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июн аз болои нашрияи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудааст. Ба гуфти Аскар Ҳаким ин нашрия матлабе, бо унвони “Зиёиёни бемушкили тоҷик”-ро 21-уми марти соли 2013 чоп карда, ба таҳқиру туҳмат ва паст задани шаъну шарафи ӯ роҳ додааст.

Аммо Иноят Иноятов, вакили мудофеи нашрияи “Самак”, даъвои шоир, Аскар Ҳакимро барои рӯёнидани 150 ҳазор сомонӣ аз ин нашрияро беасос дониста буд.

Иноятов ба “Озодагон” гуфта буд, ки “даъвои шоир Аскар Ҳаким барои маҳдуд кардани озодии сухан нигаронида шудааст. Мақолаи “Зиёиёни бе мушкили тоҷик” мақолаи таҳлилӣ-танқидӣ буда, дар он ягон иттилооти бардурӯғ ва пастзанандаи шаъну шараф вуҷуд надорад ва нашри он ба даъвогар ягон намуд зарари маънавӣ нарасондааст.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КАРИБ ЧАНД СОЛ МЕШАВАД, КИ МУДИРИ КОТИБОТИ МАЧЛИСИ МИЛЛИ ШУДА КОР МЕКУНАД!!!! ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИЯЙ ИН.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Насупорен ки аз хаваям мемонед огои Аскар бехтараш сулх кунен.Хай агар бовар дошта бошену пули зиедати бошад пас мархамат,майдон аз далер аст.
Посух додан
  • Ayb ast

  • 24 сентябр 2013 19:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ustod ASKAR HAKIM IN CHI BEDODGARI? AYBA NAMEDONED? NAXOD BAROI PULI RUZNOMANIGORON NIYOZ DOSHTA BOSHED? TO JOE KI MEDONAM SAMAK HAFTANOMAI MU'TADIL VA OZOD AST.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!