Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

25 сентябр 2013, 08:59

Алим Шерзамонов, раиси бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, баъд аз бозпурсии 12-соатааш дар бинои Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи сешанбеи 24-уми сентябр ба Хоруғ рафт. Ӯро дар фурудгоҳи маркази вилояти Бадахшон гурӯҳе аз наздикону дӯстонаш истиқбол гирифтанд.

Худи Шерзамонов шоми 16-уми сентябр аз Маскав ба Душанбе бозгашта буд. Вай дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ дар тобистони соли гузашта кишварро ба қасди Маскав тарк карда ва то ин муддат дар он ҷо мезист.

Алим Шерзамонов, масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз мунтақидони баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон буд ва моҳи июли соли ҷорӣ пешниҳод кард, ки ёдбуди қурбониёни ин амалиёт баргузор шавад. Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • КОМРОН, ВАНЧ

  • 25 сентябр 2013 10:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БОРИ ДИГАР ТАЪКИД МЕСОЗАМ , КИ ШЕРЗАМОН БА КАСЕ ЛОЗИМ НЕСТ ВА ИН ГУФТАХО ТАСДИК ШУДААНД ЧАРО КИ БО ХУДРО РЕКЛАМАКУНИ ОГОЗ КАРД. ДАР БАДАХШОН ВАКТИ ШУРАВИ ЧУНИН ОДАТ БУД КИ КАСЕ АЗ ДУШАНБЕ МЕРАФТ БА РАХАША ДАВИДА ХЕШУ ТАБОР МЕОМАДАН КИ КУ БИНЕМ ЯГОН ЖИВАЧКА Ё ЯГОН ПОПУШИЯМОН ОВАРДААСТ )))))))))) (ЧУН ДАР ЯК СОЛ ХАМАГИ ЧАНД МОХ РОХ ДОШТЕМ) ИМРУЗ НИЗ БА ФИКРАМ БА ХАЁЛИИ ХАМУН ЖИВАЧКАХОИ КУДАКИ ДЖДАВИДА РАФТАНД ДА .))))))))) АММО ИНРО ТАЪКИД БОЯД КУНАМ КИ ШИНОХТИ ХАЛКРО САЗОВОР ШУДА БА ЗУРИ НАМЕШАВАД БАРОИ ХАМИН ТУ ШЕРЗАМОН АЗ БЭЭЪТИБОРОН АСТИ ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КОМРОН,  ВАНЧ,
Ту мардаки мазабгашта хап шин. Шерзмаон барин мардхо сазовори эътибор хастанд ва мемонанд.
Посух додан
  • ХНИТ

  • 25 сентябр 2013 13:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аэропорти Хоруг бесохиб будаст, ки Шерзамона аз трап пешвоз мегиранд. Ё дар ончо хамаги бачахои СДПТ кор мекунанд?!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шерзамонов мард астy аз мардyм аз падарy модар аз хешy табор аз мардyми Бадахшон дифо кард. Аҳсан ба ин мард. Ман яке аз мардони Бадахшон ба инхел мардҳо еҳтиром дорам вале ба тy Комрон не. Шерзамонов мард астy ба y расидан дили yро доштан даркор ки фикр мекyнам тy Комрон надори. Ҳамватан Шерзамон мо бо шyмо ва ҳама онҳое ҳастам ки золимона ва бераҳмона кyшта шyданд. Ба инхел суханҳои лаганбардорҳо аҳамият нате роҳатро барои хидмати мардyм хидмати миллати Тоҷик идома бидеҳ. Хyдо ёрy мададгор
Посух додан
  • Сироч

  • 25 сентябр 2013 17:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комрон ту барин шахсони гайбатчи занак феъл ба обу руи мардуми Ванч латма мезананд.Илтимос вакте ягон чиз навишти хамон номи Ванчро нанавис.Алим яке аз мардони бо нангу номуси ватан мебошанд ,ки аз сифатхои пасти инсони ба монанди лаганбардори ва маддохи ,ки Точикистонро фаро гирифтаанд дур аст.
Посух додан
  • Сайумрон

  • 25 сентябр 2013 18:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХНИТ,
Инча хамаги 3-4 нафар омадаги. Дар сурат просто вохима менамояд.
Посух додан
  • КОМРОН , ВАНЧ

  • 26 сентябр 2013 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА СИРОЧ..... СИРОЧ КОРАТ БЕ РИВОЧ АКУ МЕГУМ АЗ ДАСТИ ШЕРЗАМОНОВ ВА ХАММАСЛАКОНАШ ИН КАЛДАР САРСОИНВУ САРГАРДОНИИ МАРДУМИ БАДАХШОН ВА ХАРЗАГУИ ГАЙБАТАШ НИСБАТИ ХУКУМАТИ ТОЧИКИСТОН МАГАР ФЕЪЛИ БАЪД НЕСТ ? СИРОЧ БОВАР ДОШТА БОШ КИ АГАР АЗ МАРДУМИ ФАРХАНГИИ ВАНЧ БОШИ ИТМИНОН ДОШТА БОШ КИ ШЕРЗАМОНОВ БАРИНХО МАНУ ТУРО АЗ ДАВРАИ ШУРО ТО ИМРУЗ ЧАХТЕН МЕГУФТАН ВА МО МАРДУМИ ВАНЧ БАРОИ ИН ГУНА АФРОД ЯК ЗИНА ПОИНТАР БУДЕМ ВА ИН АФРОД ХУДРО ДОНОВУ3 ЗИРАК МЕДОНАНД ХОЛО ШАТТАИ ГОВИ МУРДАИ ИНХЕЛИ БЕНАНГОРА ХУРДАГИ НЕСТИ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хешу табор акнун маълум. Вале, сардори раёсати тандурустии вилоят дар инчо чи кор мекунад. Ё у чун шахси расми омадаст.............

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!