Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

Муродалӣ Алимардон: “Тақдирашонро ба қонуну додгоҳ ҳавола кардаам”

25 сентябр 2013, 10:20

Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва раиси собиқи Бонки Миллӣ, мегӯяд, тақдири омилони ҳамла ба манзили ӯ дар ҳашт соли пешро ба қонуну додгоҳ ҳавола кардааст. Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, аз мурофиаи додгоҳии омилони ҳамла ба манзили ӯ огоҳ аст, аммо боре ҳам дар ҷараёни он иштирок накардааст. “Ба хотири он ки ба кори онҳо халале ворид нашавад”,-афзуд ӯ.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон дар идома гуфт, “давлат дар ҳоли ҳозир бисёр мустаҳкам аст. Баъд аз ҳашт сол инҳоро пайдо карданд. Органҳои маъмурӣ ягон амали ҷиноиро бе посух намемонанд.” Муродалӣ Алимардон мегӯяд, аз нигоҳи инсонӣ гоҳо дилаш ба ҳоли ин афрод ҳам месӯзад, вале ба гуфтаи ӯ, “қонун қонун аст ва бояд ҷинояткорон ҷавоби кори худро бигиранд. Ман аз додгоҳ ягон чиз талаб надорам. Бовар дорам, онҳо худашон ҳукми заруриро содир хоҳанд кард.”

Ахиран нашрияи "ИмрӯзNews" бо такя ба манобеи худ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, баррасии парвандаи омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон ва раиси собиқи Бонки Миллӣ, ба поён расида, рӯзи 26-уми сентябр ҳукмашон эълон хоҳад шуд. Ин ҳамла ҳанӯз ҳашт соли қабл дар деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор иттифоқ уфтода, омилонаш тоза пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Мурофиаи додгоҳии омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон таҳти раёсти Мирзо Каримов, додраси Додгоҳи олӣ, бештар аз як моҳ ҷараён гирифтааст.

Як манбаи “Озодагон” ҳам дар Додгоҳи олӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, “парвандаи мазкур ба марҳилаи ниҳоияш расидааст. Айни ҳол додрас дар хонаи машваратист ва рӯзи 26-уми сентябр соати 10 айбномаи алайҳи ҷавобгаронро қироат хоҳад кард.” Манбаъ мегӯяд, намояндаи додситонӣ аз аз додгоҳ хостааст, то муттаҳамонро ба муҳлати аз 23 то 25 сол равонаи зиндон кунад. Ҳоло бо иттиҳоми дуздӣ ва қатли посбони хонаи Муродалӣ Алимардон 3 нафар – Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, нафари чаҳорум, ки аз ӯ Қобил Улуғов ном бурда мешавад ва гӯиё маҳз ӯ ба қатли посбони манзили падари Муродалӣ Алимардон даст задааст, айни замон ба мақомоти тафтишотӣ дастрас нест ва дар ҳоли фирор қарор дорад.

Ҳамла ба манзили падари Муродалӣ Алимардон дар ҳашт соли пеш, дар замони раиси Бонки Миллӣ будани ӯ, шаби 29 ба 30-юми июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор, рух додааст. Он вақт мақомот гуфта буданд, афроди мусаллаҳ тақрибан 9 ҳазор доллар, 500 сомонӣ, миқдоре аз ҷавоҳирот ва як автомобили хидматии раиси Бонки Миллиро ба ғорат бурданд.

Муродалӣ Алимардон риштаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 2008 ба ин сӯ ноиби нахуствазир дар умури кишоварзист. Вай аз соли 1996 то моҳи январи соли 2008 раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 25 сентябр 2013 11:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хай по любому медона ки конун ба нафьи у хамара хал мекна

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!