Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Сӯҳбати ғайриинтизори Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов

25 сентябр 2013, 13:47

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25-уми сентябр дар доираи сафари корияш ба минтақаи Рашт бо Мирзохуҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) мулоқот кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, "президент аз хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо таҳти роҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов боздид кард. Аҳмадов раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба сари як пиёла чой даъват намуд, аммо президент ба ҷои чой беҳтар донистанд, ки Аҳмадов ба мактаб-интернати ноҳия ду тонна картошка фиристад.”

Ба иттилои сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, хоҷагии Мирзохӯҷа Аҳмадов 3 гектар замин доштааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов дар назар нест. Аз ҷумла, худи Мирзохӯҷа Аҳмадов низ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, аз ҷараёни ин сафари Эмомалӣ Раҳмон хабар надорад ва ҳам барои сӯҳбат даъват нашудааст.

Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони пешини ИНОТ, панҷ сол боз дар матбуоти дохилу хориҷ чарх мезанад. Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ӯву ёронашро дар қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, муттаҳам дониста буданд. Баъдан, дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар Рашт, ки аз моҳи августи 2010 то майи 2011 идома кард, оқои Аҳмадов дар пинҳон кардани Мулло Абдулло, ҳимоят аз Алии Бедакӣ ва ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ муттаҳам мешуд. Ҳатто дар як барномаи телевизонӣ мақомот ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ карда буданд. Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷурмҳо даст надорад ва омодааст барои муқобила бо мухолифони мусаллаҳ ба ҳукумат кумак кунад.

Ахиран Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ба ҳайси мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст. Аммо худи ӯ дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, то ҳол ба иҷрои ин вазифааш оғоз накардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МИРЗОХУЧА АХМАДОВ ДАР ХАКИКАТ ОМИЛИ КАТЛИ МАРХУМ ЗАХАРЧЕНКО МЕБОШАД. ИНЧО КОНУНИ МУБОРИЗАИ БА ХАМ ЗИДХО ДИДА МЕШАВАД. ЧУН ХАР ЧОЕКИ МАРХУМ ЗАХАРЧЕНКО РАВОНА МЕШУД МАЪНИИ ОНРО ДОШТ, КИ БОЯД ТАСМИМИ ЧИДДИТАРЕ СУРАТ ГИРАД. ВА АГАР ЗАХАРЧЕНКОРО НАМЕКУШТ БАЪИД БУД КИ ЗАХАРЧЕНКО БОЯД МИРЗОХУЧА ВА АТРОФИЁНАШРО ХАЛЪИ СИЛОХ МЕКАРД ВА БА ДУШАНБЕ ОВАРДАВУ МАЪЛУМ БУД, КИ БА ХАБСИ ТУЛОНИ МАХКУМ МЕКАРДАНД. ИН ХАКИКАТЕ АСТ, КИ ТАЪРИХ РАВШАНТАР ХОХАД КАРД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Полковник Захарченко,точиконро барра хисоб мекард.Максаду маромаш ва назарбиниаш нисбати мардуми точик,хело душманона буд.аллалхусус ба хамон нафароне,ки тарафдорони оппозиция буданду нафаре хамчун чангиёни мухолифин шинохта мешуданд. У мисли Махмуд Худойбердиев мехост,ки байни куввахои мухолифину ФХТ сулху салох хеч гох баста нашавад.Точиконро бо хар бахона кир кардан мехост.Шахсан у барои чунин максадхо дар вазифаи командири ОМОНи Точикистон буданро зарур донист.Чунин якравиву зурии бемаъни,сари уро хурд.Фаромуш накунед,ки бобои ман,аз хамин минтака,яъне аз собик Гарм.соли 1945-ум дар наздикии сохили дарьёи Одер,территорияи Германия,бо яроки танкзан,3-"Пантер"и фашистонро аз катор баровард.Командири полк хайрон шудааст,ки як аскари чавони точики кухистони чунин кахрамони кардааст.Соли 1978-ум, баъди 33-сол,барои чунин кахраонихояш аз Москва инъомхояшро фиристонданд...Хеч кас бовари надошт,ки дар кухистони Рашт хам касе бехато тир мепаронидааст..Полковник хам инро нигарон набуд.
Посух додан
  • кулоби

  • 26 сентябр 2013 16:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст. Аммо худи ӯ дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, то ҳол ба иҷрои ин вазифааш оғоз накардааст.

Маълум аст ки то вақти лозими ҳукумат онҳоро истифода мекунад баъдан ҳамон амалҳои кардаашонро гуноҳ дар назди давлат гуфта равонаи зидон мекунад.Муҳтарам Мирзохуҷа эҳтиет кунед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!