Бахшҳо
26 сен 2013 10:06Тоҷикистон / Сиёсат

Нусхабардорӣ ва тақсими сӯҳбати Додоҷон Атовуллоев дар парлумон

Суҳбати ихтисосии Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” бо нашрияи “Нигоҳ” нусхабардорӣ ва ба вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тақсим карда шудааст.

Сайдумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, “ба ман низ як нусха аз ин суҳбати Атовуллоев расидааст”. “Вале азбаски раиси Кумитаи мо ҳузур надошт, ҳадаф аз ин иқдом ҳанӯз шарҳ дода нашудааст”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Ҳусайнӣ, сабаби аслии тақсим намудани ин суҳбат расонидани суханҳои манфии Атовуллоев дар бораи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), бахусус Муҳиддин Кабирӣ – раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ба вакилони парлумон мебошад: “Ҳар чизе, ки ба ҳукумат мақбул меафтад, аввалин шуда, онҳоро ба вакилонаш мерасонад. Бахусус, ин суҳбат, ки дар он ҲНИТ, раҳбарияти он ва ИНИТ мазаммат шудаанд.”

Сайидумар Ҳусайнӣ аз ин иқдоми ҳукумат иброзӣ нигаронӣ намуда, мегӯяд, ҳоло дар кишвар ягон ақли солим боқӣ намондааст. Ӯ гуфт, “худи ҳамин Атовуллоев тариқи шабакаи телевизионии К+ дар бораи ин ҳукумат ҳарфҳои баде мегуфт, ки аз он мо низ нороҳат мешудем. Чун билохира дар бораи ватани мост. Вале имрӯз суханҳои ӯро чоп карда, тақсим мекунанд.”

Нашрияи “Нигоҳ” ахиран суҳбати ихтисосии Фаридуни Раҳнавард бо раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”-ро ба нашр расонд, ки дар он аз мавқеъгириии ҲНИТ ва раҳбарияти ону аъзои ИНИТ дар мавриди пешбарии номзади ягона интиқод шудааст. Оқои Атовуллоев дар ин сӯҳбати худ хулоса карда буд, ки “Муҳиддин Кабирӣ охирин умеди мардумро кушт”.
Мӯҳр
Чаноби Икс
Хахахахахааааааааааааааааааааа

Окои С. Хусайни магар "хукумат"-ро аз "Ватан" фарк намекунад?!

БАРОИ НУСХАБАРДОРИИ КОНУНУ МАВОДХОИ ДИГАРИ ХУКУМАТИ КОГАЗ НЕСТ!!! МЕГУЯД ШУКУРЧОН БАРОИ ПАХН КАРДАНИ ИН СУХБАТ РАНГУ КОГАЗРО АРЗОНИ ДОШТААНД!

Шоди
хамин Кабириро хуб мекунанд. Дар хакикат умеди марумро барбод дод...

Сафар
Атовуллоев одами хукумат аст! Инро метавон тибки суханони худу у, ки нисбати ХНИТ гуфта буд хулрса кунем! Акнун Атовуллоев шарм намедошта бошад бо ин хизмати хирсонааш ба хукумат! Аз ин хам дилам сард шуд!!! Ва Атовуллоевхам умеди мухолифонро кушт!!!

Точик
Додочон дусти чоночон ва чосуси хукумат аст. У он гапхоеро ки дар бораи хукумат мегуфт, барои он буд ки бу у бовар кунанд ки у душмани хукумат аст, вале косаи зери нимкосаашон чаппа шуд ва сирашон фош шуд. Вале беномусии хукуматихо дар ин аст, ки хатто барои дар курси мондан суханони касеро, ки президенташонро шарманда кард, байни худ пахш карда аз у дарси адабу сухан гуфтан меомузанд. Додочон Атовуллоев устоди парлумон аз хизби халки аст.

Беномхуча
Хуб хандидем....
"...ҳоло дар кишвар ягон ақли солим боқӣ намондааст."
Магар нав пайхас бурдед, ки ягон акли солим намондааст?! Ха ха ха

777
Хеч бовариам намеояд.... Видеои туй ва "Точикистон аз мани"-ро низ таксим карда бошанд...Депутутхо Шумо чи мегуед...

Пика
Кадом беакл ин корро карда бошад? Охир барои Додочон имич сохтанд-ку! Кабирй бачаи боакл аст. Чй лозим туфаланги бехуда? Мардак аз бизнесаш мемонад...

Худовандо миллатро, ватани азизи моро аз нестиву аз пастиву аз балохо пок гардону обод бикун.

dodarbek
Кабири мисли гурба аз Рахмон метарсад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)