Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

"Ансоруллоҳ" аз парлумон хост, созишномаи пойгоҳи 201-ро тасвиб накунад

26 сентябр 2013, 11:45

Ҷамоати Ансоруллоҳ, як созмони мамнӯи мазҳабӣ, бо пахши изҳороте аз ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон қотеона талаб кардааст, аз тасвиби созишномаи будубоши низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар кишвар худдорӣ кунанд. Дар ин изҳорот, ки дар торнамои расмии Ҷамоати Ансоруллоҳ нашр гардид, омадааст, созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон зидди арзишҳои исломӣ ва манофеи миллии мардуми тоҷик мебошад.

“Ҳар санаде, ба ҳар давлати куфрие, ки бо лашкар ва созу барги низомиаш дар дохили сарзамини Тоҷикистон ё дар марзҳои он иҷозаи буду бош диҳад, хусусан буду боши дахлнопазир ва ё ҳар санаде замину ҳавои Тоҷикистонро дар ихтиёри куффор барои саркӯб намудани мусулмонон қарор диҳад ва ё фурӯхтани қисмате аз сарзамини Тоҷикистонро ба куффор иҷоза диҳад, лағв ва фоқиди эътибор мебошад. “Ансоруллоҳ” ингуна санадҳоро шадидан маҳкум намуда, ба расмият намешиносад”,-таъкид шудааст дар изҳорот.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ин ҷамоат ба имзо расидани созишномаи будубоши нерӯҳои русиро дар Тоҷикистон маҳкум карда, онро таҳқир бар миллат ва зери суол рафтани истиқлолияти кишвар унвон карда буд.

Тарҳи созишномаи будубоши низомиёни рус рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои тасвиб ба парлумони кишвар фиристода шуд. Қарор аст, Маҷлиси Намояндагон ин тарҳи созишномаи миёни Душанбеву Маскав рӯзи якуми октябри соли ҷорӣ, дуруст дар рӯзи оғози кори вакилони парлумон, баррасӣ намояд.

Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик як шохаи созмони Ал-Қоида ва ҳадафаш “аз роҳи зӯроварӣ сарнагунии сохти конститутсионии Тоҷикистон” мебошад, моҳи майи соли 2012 фаъолияташ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шудааст. Мақомот дар оғоз гуфтанд, Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) раҳбари ин созмон аст, аммо баъдан номи Мулло Амриддинро ба забон оварданд. Бо ин ҳол, маълум нест, ки раҳбарии ин созмон дар Тоҷикистонро кӣ ба уҳда дорад ва қароргоҳи онҳо куҷост. Вале ин созмон бештари муроҷиатнома ва даъватҳову навори видеоияшро тавассути торнамои "Иршод", ки дар Тоҷикистон дастнорас аст, пахш мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин дасисабозии Руссия аст. Бо ҳар роҳ мехоҳад дар Тоҷикистон бимонад ва бинеси маводи мухадирро аз даст надиҳад.
Ансоруллоҳ медонад, ки бе ин ҳам вайа ҳеч кас гуш намекунад ва эътироф намекунад.
Посух додан
  • Бекорхуҷа

  • 26 сентябр 2013 14:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ансорулло худаш бо пули кишварҳои кофар бомбу теракт мекардааст мешудаасту боз ба ҳукумати Тоҷикистон таҳдид мекунад?! Озодагон, дигар хабар набуд ми дар дунё?
Посух додан
  • sss

  • 26 сентябр 2013 15:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in jamoat dar hakikat gairikonuni va ahmakona ast. ki guft ki rusho kofarand? onho ba khudo nisbati in ansarulloh nazdiktarand. Redakciya, shumo naboyad da'voi chunin sozmonhoi vahshiro chop kuned.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!