Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:20

Боздошту раҳоии ҷонибдорони Ойниҳол Бобоназарова

26 сентябр 2013, 14:18

Маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии Душанбе масъули дафтари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ин ноҳия ва гуруҳе аз ташаббускорони ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназароваро баъд аз тақрибан ду соати боздошт раҳо кардаанд.

Насим Раҷабов, масъули дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, гуфт, онҳоро ба гумони қалбакӣ будани мӯҳри раиси ҳукумати ноҳия дар варақаҳои ҷамъоварии имзо боздошт намуда буданд. Вале ба қавли ӯ, “ин шубҳаву гумони пулис дар бинои ҳукумати ноҳия исбот нашуд ва моро ҷавоб доданд”.

Ин ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 26-уми сентяр иттифоқ уфтод. Дар ҳоле ки ташаббускорон дар маҳаллаи 63-юми пойтахт машғули ҷамъовраии имзо буданд, маъмурони пулис дар ду мошин онҳоро боздошт карда, барои бозпурсӣ бурдаанд.

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, дар ҳол ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода ва гуфта буд, “умедворем, Шермуҳаммади Шоҳиён барои ҳарчи зудтар озод шудани онҳо ба вазири умури дохилӣ ва ё сардори ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ занг мезанад.” Дар ҳоле ки ба бовари онҳо, “варақа пул набошад, ки сохта бошад. Ба он раиси ноҳия мӯҳр мезанад, баъд гурӯҳи ташаббускорон дар он варақаҳо имзо ҷамъ меоранд. Ақли солим мегӯяд, ки онҳо ин корро ҳаргиз намекунанд, зеро дар охир боз раиси ноҳия он варақаҳоро аз зери назорат мегузаронад.”

Ташаббускорон қабл аз он ки ба ҷамъоварии имзо дар навоҳӣ шурӯъ кунанд, дар варақаҳои махсус мӯҳри раиси ҳукумати ноҳияҳоро мегиранд. Қаблан, ситоди интихоботии Бобоназарова аз он шикоят карда буд, ки баъзе аз роҳбарони шаҳру навоҳӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз гузоштани мӯҳр худдорӣ менамоянд. Камбуде, ки масъулони Кумисюни марказии интихобот ҳам онро тасдиқ карда, вале гуфта буданд, ки он ҳалшаванда аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Беномхуҷа

  • 26 сентябр 2013 14:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Озодагон.
Аз Додоҷон Атавулло Сноудени тоҷикӣ сохтед. Ин дафъа аз ин занакак Юлия Тимошенка созед.
Посух додан
  • А

  • 26 сентябр 2013 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Галат карда бошанд ,?
Посух додан
  • Сафар

  • 26 сентябр 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармандаги кормандони МВД хуччатро хондаву дарк карда наметавонанд!
Посух додан
  • man

  • 26 сентябр 2013 15:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин танхо огози муборизаи хукумат бо душманонаш аст... кинои демократияи точики давом дорад...
Посух додан
  • Як нафари гариб

  • 26 сентябр 2013 15:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бубинед, ки дар вактхои охир чунин фишорхоро ба ХНИТ аз тарафи хукумат раво дидестан.
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 26 сентябр 2013 17:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармандахо!!! Бо аз ракобати мардона бо як зан метарсанд!!! Зинда бод, Ойнихол Бобоназарова!!! Зинда бод интихоботи шаффоф!!! Нест бод махалгарои!!! Нест бод мардумфиреби!!! Бо Ойнихол Бобоназарова ба суи куллаи мурод!!! Зинда бод Точикистони озод, демократи, ХУКУКБУНЁД ва ДУНЯВИ!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!