Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:54

Маҳмадалӣ Ҳайит аз ... "гиребони Амрико гирифт"

26 сентябр 2013, 17:52

Маҳмадалӣ Ҳайит, раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, дар ғайришаффоф гузаштани интихоботҳои президентии кишвар "гиребон"-и созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳомии демократия, бахусус Амрикоро, гирифтааст.

Оқои Ҳайит, ки рӯзи 26-уми сентябр дар ин бора бо Николас Ч. Катсакис, котиби якуми сафорати Амрико дар Тоҷикистон, сӯҳбат мекард, гуфт, айби ин созмону кишварҳост, ки дар Тоҷикистон муддати 20 сол мешавад, интихоботҳо ғайридемократӣ ва ғайришаффоф баргузор мегарданд. Ӯ мегӯяд, “ин созмонҳо ба хотири манофеи геополиткӣ давоми 20 сол аст, бо режими авторитарии Тоҷикистон хамкорӣ дошта, ба ҳама чиз чашм мепӯшанду танҳо ба нашри изҳорот ва баёнияҳо иктифо мекунанд.”

Раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова аз он изҳори нигаронӣ карда, ки дар ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот аз тарафи Кумисюни марказии интихобот танҳо ба аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон роҳ дода шуда, рӯйхати пешниҳодшудаи аъзо ва ҷонибдорон аз тарафи ҲНИТ ба ҳавзаҳо рад гардидааст.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ҳайит, Комиссияҳои участкавии интихобот низ бо ҳамин шакл аз ҳисоби аъзои ҳизби ҳоким-ҲХДТ ташкил карда мешаванд: “Бинобар ин ба шаффоф, озод ва демократӣ гузоштани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон , агарчанде президенти Тоҷикистон кафолат додааст бовар кардан ғайриимкон мебошад.”

Дар навбати худ Николас Ч. Катсакис изҳор доштааст, Амрико аз демократия дар минтақа ҷонибдорӣ мекунад ва раванди интихоботи карибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби мавозини байналмилалӣ зери назорат хоҳанд гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маҳмадалӣ Ҳайит ту марди нотарс ва хакикатпарасти илохо зинда боши!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дилат ба милат сузад бояд бо ин суханат гуфтаниед ки бо давлати хамкори накунанд? Сад хайф ки нону намаки ин ватанро хурда хамеша дар хароб кардани ватан хастед бо ин нияти гаразона ки шуморо дастгири мекунад дар танхои бо райи худатон пусида меравед боз худатона дипломат гирифта дар паи шешрави ва ислохот хастет хайф!!! Бо ин сухани шумо зидди конун аст "ин созмонхо ба хотири манофеи геополитики давоми 20 сол аст бо режими авторитарии Точикистон хамкори дошта ба хама чиз чашм мепушанд" хостаатро аз хамин созмонхо талаб мекунед солхои 90 ана хамин созмонхо шуморо дастгири намуда ба сари мардуми бечораи точик чи балохоро ба сар овардед бас кунед барои мансаб мардумро ба рохи нудуруст набаред агар дилатон сузад кумак карда натавонисти зиенатро нарасонед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иборахои фразеологиро ба нохунак намегиранд. Маъниаш дигар мешавад.
Посух додан
  • Точик

  • 27 сентябр 2013 12:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Рохгузар...манои суханони М.Хайитро на хар рохгузаре дарк мекунад...рохгузарон ончиро мебинанду мешунаванд аклашон ба хамон мегираду бас..ту торикфикри ин суханро аз фикри худат не . инро ба ту талкин карбаанд ва чун тути кори ту такроркуниаст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!