Бахшҳо
27 сен 2013 10:21Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бобоназарова: “Наход картошкаи Рашт аз шикояти мо муҳимтар буд?”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), монеагузории мақомот, бахусус дахолати маъмурони пулис, ба ҷараёни ҷамъоварии имзоро амали тарҳрезишуда донист.

Ӯ, ки дар нишасти хабарии 27-уми сентябр дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ сӯҳбат мекард, аз боздошти даҳ ташаббускори ҷамъоварии имзо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт (26 сентябр) ёдоварӣ намуд. Хонум Бобоназарова гуфт, дар ҳоле ки раиси ноҳия муҳри дар варақаҳо гузоштаашро тасдиқ кардааст, маъмурони пулис онҳоро барои қалбакӣ будани он боздошт намудаанд.

Вай дар идома ҳолатҳои дигари нақзи ҳуқуқи ҷонибдоронаш аз сӯи пулисро номбар кард: “Як духтараки 19-сола ба назади мо омад. Бовар надоштам, ки ҷавонҳо ба назди мо омада кумак мекунанд. Инҳо барои ҷамъоварии имзо сафарбар шуда бдунад. Баъдан духтарак гуфт, дар назди Боғи ҳайвонот маъмурони милиса “сумка”-и ӯву ҳамроҳонашро кофта, варақа барои ҷамъовраии имзова инчунин сад сомонии онҳоро гирифтаанд. Алакай миёни як ҷавонро шикастанд.”

Абдулманнон Додоев, раҳбари Дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт, ҳар коре аз дасташон меояд, барои номзадҳо хоҳанд кард. Вале ба қавли ӯ, “мушкили милисаҳо ба КМИР бор карда нашавад”.

Ин дар ҳолест, ки Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ситоди интихоботии ӯ аз ҳама пештар ба ҷамъоварии имзо шурӯъ карда, вале ба монеагузориҳои бешумори мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии кишвар рӯбарӯ омад. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, то кунун ба тарафдорияш 21 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудаасту халос. “Ман тарафдори хеле зиёд дорам. Фикр мекардам, сад дарсад имзои заруриро ба зудӣ ҷамъ мекунем. Вале даҳ рӯзи моро бо мушкили эҷодкардаашон гирифтанд. Ман ҳоло мисли пеш гуфта наметавонам, мо зуд имзоро ҷамъ мекунем, чунки вақти моро дуздиданд”,-афзуд Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова дар нишасти хабарияш ба барномаҳои телевизионҳои давлатӣ ва даъвати Мулло Ҳайдар барои ҳимяот аз Эмомалӣ Раҳмон низ дахл кард. Ӯ гуфт, суботи ҷомеа дар дигаргунист ва афзуд, "бо Ислом дигар тарсонидан имкон надорад. Ба назари ман, намояндаи ҳар як дин бояд зиндагии беҳтар дошта бошад дар инҷо. Чаро ҳемеша аз нақзи қонун аз тарафи узви ҲНИТ мегуянд. Магар намояндагони ҳизби ҳоким даст ба ҷиноят намезананд? Чаро чизе намегӯянд?" Хонум Бобоназарова ин ҳама мушкилоти дар рӯбарӯяшро ба “Протоколи 32-20” марбут донист, ки хулосаи як ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо мухолифон, бахусус ҲНИТ, буда, соли 2011 тавссути торнами “Звезда.ру” дастраси ҳамагон шуд.

Номзади ислоҳотхоҳон дар ин нишасти хабарияш аз бетаваҷҷӯҳии Кумисюни марказии интихобот ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба номаву шикоятҳояш низ шиква кард. Ӯ гуфт, “Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сафарҳояш ба Аврупо мегӯяд, интихобот шаффоф мешавад. Наход масъалаи картошкаи Рашт муҳимтар аз масъалаи шикояти интихоботии мо буд?” Ойниҳол Бобоназарова гуфт, бо вуҷуди ин ҳама аз идома мубориза даст намекашад ва то охир хоҳад рафт.
Мӯҳр
ф
Номардиро бас кунед хукуматдорон. тарсончакхо.

Чаноби Икс
Чамъ мешавад 210000.Осуда бош хонум! Албатта тарафдори зиёд дори!!! Мо бо туем!!! Ба пеш!!! Ба суи Галаба!!!

Салмон
Хукуматдорон таъин медонанд ва хис кардаанд,ки номзади ИНИТ хонума Ойнихол Бобоназарова,таъкид мекунам,ки агар интихобот шаффофу демократи гузарад, раъи бештари интихобкунандагонро бе чуну чаро ва бо осони ба даст меорад ва барои хамин шуда, монеъа эчод мекунанд.

Саид н.Восеъ
Чаноби Икс,
Дурусттараш ман бо шумоям гуед. Аз номи хама гап назан ман шахсан бо у нестам.

фира
Ман хам намехохам такдири милати худро ба дасти як кампир гузорам ,,, зинда бод Чаноби Оли

Худо гуй, ки туро низ ба синну соли ин Шахс расонад.

камбагал
Барои мо камбагалон картошка аз интихоб шудани туву шикоятат боло меистад хонум!!!
Ин акидатон кати Шумо на худ пеш меравед на моро пеш мебаред.
Вакие ки масъалаи сиёсира аз мардум боло мегузоред вой бар холат президент нашуда

Qanza monandi hamin zan shudan darkor notars in zanro az on mardhoe ki dar rui kursi nishastaand qadrash balandtar ast ofarin mo tarafdori shumo hastem khonum Oinihol

mo bo shumoem na in ki man

Ман тарафдори Чаноби Олй хастам. Ба муаллима Бобоназарова ОЙнихол (хубтар мебуд Мохнихол, ой-аш узбакист!), ки аллакай пенсионер аст, гуфтаниам, гандагй чй зарурат дорад.

Пеш аз он ки Бобоназарова ба мақоми президенти пешниҳод гардад байни қишри рушанфикр ва талимёфта машҳyр шyда бyд. Шахсан банда ин хонyмро аз оне мешиносам ки ҳамеша аз дарди мардyми Тоҷик аз мушкилоти рузмараи Тоҷик сyҳбат мекард. Вақте суханонашро дар мусоҳибаҳо мехондам ифтихор мекардам ки мо Тоҷикон ба мисли Бобоназарова зани талимёфта ва далер дорем. Ба назари банда аз оне ки ман yро аз сyханонаш дар матбyот мешиносам зани бисёр доно ва дорои авсофи раҳбари мебошад. Мехоҳам дар кишвар ислоҳот бошад, демократия ҳақиқи амали гардад, инсон Тоҷик ва Тоҷикистони новобаста аз кадом тарафи кишвар бyдан хyдро шаҳрванди озоди ватан ҳис кyнад ва фикр мекyнам агар Бобоназарова пируз гардад ин орзyҳои мардyм амали хоҳанд гардид.

asalbonu
Halk medonad ba ki ovoz dihad. mardumi mo on kadar akli hudro nahurdaast ki takdiri hudro ba dasti anahamin zan suporad.

интихобкунанда
Агар дар ватанамон интихобот шаффоф гузарад ман 200% бовари дорам,ки Ойнихол Бобоназарова пируз мешавад,вале 100% бовари дорам,ки интихобот шаффоф намегузарад чунки ончиз,ки айён аст,чи хочат ба баён аст.

Хонуми Хумайро магар дигар гап надори, ки дар хама маколахоят "Амали тахризишуда" гуфта масхара мекуни хамсухбататро. Охир ба фикри ман ин Бобоназрова ба хеч кас даркор хам нест ва 10% ба у овози худро намедиханд. Танхо шахсоне ба у овоз медиханд, ки худ дониши казои надошта, мафккураи паст доранд. Охир бинед “Як духтараки 19-сола ба назади мо омад. Бовар надоштам, ки ҷавонҳо ба назди мо омада кумак мекунанд..." охири у духтарчаи 19 сола сиёсатр чи медонаду давлатдориро чи! Мумкин у ягон динишчуе бошад, ки бо ваъда намудани маблаг ба шумо хизмат карда истода, вале максади асосиро надонад, ки гап дар бораи чи меравад.
Баъдан ин хонум сарвар нашуда, ин кадар э[сосотба дода шудааст, агар (Худо нишон надихад) пешвои давлат шавад, ними мардумро ба дор меовезад.
“Ман тарафдори хеле зиёд дорам..." Бовар кунед, кариб як сол мешавад, ки дар мухочират дар ФР карор дорам ва хар гохе, ки бо шиносон ва наздикони худ вохурда сухбат мекунем, хатман як пахлуи сухбатамон дар бораи интихобот мегузарад ва то хол ман хамсухбатеро во нахурдаам, ки чонибдори аз узви "ИНИТ" карда бошад. Кариб хама мардум ба хуби дарк карда метавонанд, ки ин ташкилкунандагони "ИНИТ" ба хукумат ва давалти чавони имрузаи точик мухолифт нишон дода истоаанд ва чигуна онхоро мардум дастгири мекунанд.
Агар инхо талабгори вазифа бошанд, аввал ягон корнамоии худро ба мардум нишон диханд ва баъд пешаравии ЧТ-ро сарфи назар кунанд, зеб дорад. Хар руз дар "РО", "О", "Н",..... мехонем Бобоназарова -ин амали тахрезишуда, тарафдорони ман зиёд, ман овози зиёд меграм, агар хукумат надуздад ва дигару хоказо. Шахси арзандаро бояд мардум таърифу тавсиф кунад (Мисли президенити имрузаи ЧТ), на худаш! О намешавад, пеш аз интихобот ягон хунари худатро нишон дихи то дили мардум чуш занад то акалият ба ту овоз дихад, ки баъд аз интихобот номат ба хаёли фаромуши гарк нашавад.
Ман аз ин хонуми мансабталаб як хохиш дорам! Илтимос мухочирони мехнатиро дар ин интихобот кордор нашав ва пули бехудаам сарф накун, чунки ки алакай он шахсоне, ки бояд дар интихобот иштирок кунанд, тарадуди ба ЧТ-ро рафтанро дида итсодаанд, ки аз номи дустон ва рафикони дар ФР карори доштаи худ ИНШООЛЛОХ ба номзади тараккипарвар, чонфидо ва тачриба дида дар сохаи давлатсози овоз медиханд. БОКИ БА МАРДУМИ САРБАЛАНДИ ТОЧИКИТСОН БУРДУБОРИ ТАМАННО ДОРАМ ВА БОВАР ДОРАМ, КИ АЗ САФСАТХОНХО ДУРИ МЕЧУЯНДУ БА ХАКИКАТ МЕПАЙВАНДАНД!!!!!!!!!!!!!!!!!!

man
ман аз эълони натичаи интихобот шарм мекунам чун дар охир хама ташкилотхои хоричи хукумати кишвар бо сари баланд мегуянд ки интихоботи шафоф гузашт. агар чунин монеахо бошад ва КМИР гуяд “мушкили милисаҳо ба КМИР бор карда нашавад”. пас чаро интихоботро баргузоршуда эълон мекунад оё ин аз руи корнун дуруст аст агар чунин кор идома ёбад интихоботи моро шафоф эълон кардан галат аст.
бародарон мухим нест ки ки мегузарад вале мухим ин аст ки бардуруг шохиди додан (интихоби касе ки шахси арзанда нест ва мегуи ки арзанда хаст) гунох аст бигзор Эмомали Рахмон бо хар рохе ки метавонад голиб ояд ваде эй онхое ки худро мусалмон медонед худро гунахкор накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)