Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:46

Қоҳир Расулзода, раиси Суғд, ба пахтачинӣ баромад

28 сентябр 2013, 10:00

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, рӯзи 28-уми сентябр ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, то охири рӯз ройгон пахтачинӣ кард.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати Суғд хабар дода, афзуданд, ки баробари Расулзода 200 корманди баландпояи ҳукумати вилоят ба майдонҳои пахтаи Бобоҷон Ғаффуров рафта, бепул пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш беш аз 100 имомхатибу кормандони масоҷиди шаҳри Хуҷанд, дар доираи дастури раиси Суғд барои ҷамъоварии беталафи пахта ба саҳро сафарбар шуда буданд.

Муҳаббат Бобоҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, «барои ҷамъоварии пахта ҳамаи корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо сафарбар шуда истодаанд. Қарори раиси вилоят, Қоҳир Расулзода, «Дар бораи тадбирҳои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2013» ба тасвиб расидааст ва мардум ин қарорро дастгирӣ карда истодаанд.“



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • али

  • 28 сентябр 2013 11:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар раҳмонро ҳам бо худ мебурд хуб мешуд. ҷои чунин роҳбарро пахтачинист. аққалан як руз аз меҳнати ҳалол зиндаги мекунанд. ё фикрам нодуруст аст?
Посух додан
  • Собир

  • 28 сентябр 2013 11:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Қоҳир Расулзода кори дигар надори? Ё аз худат ягон ҳомӣ ва наҷотбахши миллат метарошӣ?
Посух додан
  • раис

  • 28 сентябр 2013 13:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чун савод нест ин беҳтарин роҳи худнамоиши ва чоплуси на чизи дигар, дар ҷумҳури комплекси агросаноатӣ ва кишоварзӣ аз бефаҳмии Қосимҷон ако пурра фалаҷ шуд, лекин бубинед дуруғ дуруғ музаву либосҳои агрономии давраи Хрушёв ро мепушад ва нишон медиҳад, ки гуё сарсупурда аст.
Посух додан
  • Сугди

  • 28 сентябр 2013 14:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Қоҳир Расулзода метавонад, чаро Гайбулло Афзалов не.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ай и худнамоида бра да байни халк бгард ай ахволшон бохабаршав праблемай халка халкун. Ай 4 кило пахтай ту мечиндаги хичи фойда нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан ба Кохи Расулзода канику хаменхел мехматкаш раис бошад
Посух додан
  • Ризвон

  • 29 сентябр 2013 13:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кохир Расулзода кадри хуб аст !
Посух додан
  • zoro

  • 29 сентябр 2013 20:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Avzalov fahmida boshad zik shyd y bouad chi kor kynad ki rasylzoda nakarda boshad
Посух додан
  • о

  • 1 октябр 2013 09:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пахта шукуфт, пахта чин
Хоооой пахтачин
Нукра барин садаф барин
Хооооой пахтачин.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!