Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

КМИР ба номзадҳо 25000 сомонӣ ва 30 дақиқаи телевизионӣ медиҳад

28 сентябр 2013, 12:20

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми сентябр, бо пахши як иттилоия гуфтааст, ба ҳар номзад ба мақоми президентӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд.

КМИР хабар медиҳад, ки маблағгузории интихоботи президенти Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад ва ахиран дар як ҷаласаи КМИР масъалаи таъминоти баробари моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ барои ҳамаи номзадҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи КМИР қарор шудааст, ки ба ҳар номзад барои чорабиниҳои пешазинтихоботӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 25.000 сомонӣ ҷудо карда шавад: “Ҳамзамон тибқи ин Қарор субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадро ба мансаби президентӣ доранд, метавонанд аз ҳисоби маблағҳои худ ба номзад ба мансаби президентӣ ба миқдори умумӣ дар ҳаҷми то 200.000 (дусад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.”

Манбаъ афзуд, ки инчунин чопи плакатҳо бо барномаи пешазинтихоботӣ, тарҷумаи ҳол ва расми номзад ба мансаби президентӣ барои ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. КМИР таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузорӣ ҳар гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар кори бо пултаъминкунӣ ва дигар хел дастгириии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби президенти ҷумҳурӣ манъ аст.

КМИР меафзояд, ки маблағҳо ба номзадҳо танҳо баъди сабти расмияшон ироа хоҳанд шуд.

Инчунин ба иттилои Комиссияи марказии интихобот, баъди оне, ки номзадҳои пешбаришуда, 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуда, расман сабт мешаванд, ба онҳо дар телевизионҳои давлатӣ 30 дақиқа ва барои шахсони боваринокашон 20 дақиқаӣ минбар ироа хоҳанд шуд.

Айни ҳол барои мақоми президент Ҳизби наҳзати исломӣ номзадии Ойниҳол Бобоназарова, Ҳизби коммунистӣ -Исмоил Талбаков, Иттифоқи ҷавонон ва касабаҳо - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ-Олим Бобоев, Ҳизби сотсиалистӣ-Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби аграрӣ-Толиббек Бухориев ва Ҳизби демократ-Исмон Ҷаъфаровро пешниҳод кардааст. Дар ҳоли ҳозир маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории ин номзадҳо идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Resa

  • 28 сентябр 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бист хазор сомони хеч намерасад - хатто худи Исмонов гуфта буд, ки бист хазор доллар сарф хохад кард!
30 дакика халос ё хар руз 30 дакикаги?
Агар факат 30 дакика, ва тамом! онгох ин маънои онро дорад ,ки Эмомали Рахмон президенти ояндаи Точикисон, чунки, ба гайр аз бачахои интернет хон асосан фейсбукхон дигар касе Ойнихолро намешиносад, ба назар гиред.
Дигар номзадхоро эътироф хам намекунам.
Ойнихол коре карда бояд ба мардум бештар шиносонда шавад.
Озодагони азизам, ба хама дустони газетадорат бигуй, ки дар газетахо бештар Ойнихолро муаррифи кунанд, барномаву максадхою, мушкилихояшро...умуман медонед чихел карданро
вакт хеле кам аст
Посух додан
  • Arxiles

  • 28 сентябр 2013 18:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОздагОН! Хохиш менамудам, ки бодиккат бошед. Хонум Бобоназарова на аз номи ХНИТ балки аз номи ИНИТ номзад мебошад. Фаркият калон аст. ТАШАККУР
Посух додан
  • беспартийный

  • 30 сентябр 2013 11:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исмон Чаъфаров не, Саидчаъфар Исмонов, айб аст, ки номи сарвари хизба надонед, журналистои мухтарам. Ин аст сатхи дониши сиёсии шумо...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!