Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:39

Қатли бародар ба дасти бародар дар ноҳияи Ғончӣ

30 сентябр 2013, 09:21

Мақомоти пулис дар шимоли Тоҷикистон як шаҳрванди қаблан маҳкумшударо дастгир кардаанд, ки акнун дар куштори бародараш муттаҳам мешавад.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маъмурини пулис ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зикриёев Далерҷон Бобоевич, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ғончиро, ки қаблан суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба куштор анҷомидааст, дастгир намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда, рӯзи 26 –уми сентябри соли 2013 дар ҳолати мастӣ, дар ҳавлии истиқоматии бародараш Зикриёев Дамирҷон Зикриёевич, соли таваллудаш 1983, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ба гардани бародараш бо чойник як маротиба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст: “Дар натиҷа охирон аз ҷароҳатҳои бардоштааш, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.”

ВКД мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!