Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:14

Таъкиди Убайдуллоев ба иҷро нашудани қарори ҳукумат аз ҷониби “ТАЛКО” ва “Барқи тоҷик”

30 сентябр 2013, 12:09

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, охири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оиди омодагиҳо ба зимистон аз ҳолати кор норозӣ монда, муассисаҳои зертобеи ширкати “Барқи тоҷик” ва “ТАЛКО”-ро интиқод намудааст, ки муқаррароти қарори ҳукумати кишварро саривақт иҷро намекунанд.

Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки то ҳанӯз иҷрои корҳои нақшавӣ ба пуррагӣ таъмин нагардида, вазъият бо айби идораҳои дахлдор дар самти омодагиҳо ба роҳандозии истеҳсоли гармӣ ғайриқаноатбахш боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» - и “Барқи Тоҷик” тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2013 то 1 октябри соли равон захиракунии 35 ҳазор тонна мазути камсулфур аз ҷониби КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» пешбинӣ шудаааст, ки ба ҳолати 25-уми сентябр ҳамагӣ 8 ҳазору 193 тонна ё худ 23,4 фоиз таъмин шудаасту халос.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳамагӣ барои фаъолияти муназзами манбаъҳои гармиистеҳсолкунии мавҷуда дар шаҳри Душанбе дар мавсими зимистон 116 ҳазор тонна ангишт захира намудан зарур аст, аммо то имрӯз ҳамагӣ 19 ҳазору 370 тонна ё худ 16,7 фоизи нақша захира шудаасту халос.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шаҳрдорӣ агар ҳамаи нақшаҳо иҷро ҳам шаванд, ҳамагӣ наздики 200 Гкал/соат ё худ 14,7 фоизи талаботи шаҳр ба гармӣ дар мавсими зимистон истеҳсол хоҳад шуду халос.

Дар иртибот ба рафъи ҳолати мавҷуда ва тақвияти корҳои омодагӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастурҳои қатъӣ дода, ҳар масъулро муваззаф сохтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат чораҳои таъхирнопазир андешанд. Шаҳрдори Душанбе ба додситонӣ дастур додааст, ки омодагиҳо ба зимистонро дар Душанбе пайгирӣ кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • КАРИМ

  • 30 сентябр 2013 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БАҚИЯШ ХОНАИ МАНСАБДОРОН РАФТААСТ. ҲАТМАН
Посух додан
  • Гиёси

  • 1 октябр 2013 18:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хазорон бор шукр, ки хамин Махмадсаид Убайдуллоев дар сатхи рохбарияти чумхури карор дорад ва У ба мисли баъзе аз муовинони Сарвазиру, вазирону Раисону кумитахо ва рохбарони сохторхои чумхурияви ба шикамчаронию долячамъкуни ва маишату кайфият машгул нест ва танхо гами сокинони пойтахтро ва дар мачмуъ чумхуриро мехурад. Зеро аз ободию осоиштагии шахри азизамон Душанбе ободии сар то сарии Точикистон вобастагии калон дорад ва У ин масъулияти басо сангину бошарафро чавонмардона ичро карда истодааст. Аз Худованди Кариму Беназир ва Ягонаю Бехамто орзуи онро дорам, ки хамеша аз аз бахту икболи фарзандону наберагон ва кули мардуми Точикистон барои ин захматхои шабонарузияш бархурдор бошад ва хамеша сарфарозию сарбаланди ва эхтироми самимии точикону Точикистониён насибаш гардад ! Худо кунад, ки сафи хамин хел инсонхои халолу покиза ва захматкашу дилсузи мардуми Точикистон зиёд шаваду харчи зудтар аз шикамчарону чоплусу хушомадгу халос шавем...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!