Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Эълони натиҷаҳои аввалияи ташхиси Роғун аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ

30 сентябр 2013, 14:24

Бонки Ҷаҳонӣ шакли мухтасари натиҷаҳои аввалия ё ибтидоии ташхиси фаннӣ ва иқтисодии тарҳи нерӯгоҳи Роғунро нашр кардааст. Ин ташхис аз сӯи Консорсиюми байналмилалӣ зери роҳбарии ширкати фаронсавии “Coyne et Bellier Consultinq Engineers” ва бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шудааст.

Ин омӯзиши марҳилаи аввал буда, ҳадафи он баҳогузории иншооти мавҷуда дар Роғун аст. Дар натиҷаҳои омӯзиш гуфта мешавад, онҳо аллакай бо ҳукумати Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд ва шакли ниҳоияшон баъд аз шунидани назари ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул хоҳад шуд.

Дар натиҷаи аввалияи ташхиси фаннию иқтисодии Роғун гуфта мешавад, ки роҳҳои атрофи ин нерӯгоҳ дар вазъи хуб қарор доранд ва дастрасии осони коргару таҷҳизотро ба майдони сохтмонӣ таъмин мекунанд. Дар натиҷаҳои омӯзиш гуфта мешавад, дар нақбҳои ҳанӯз 30 сол пеш сохта баъзе камбудҳое ёфт шуданд, ки бояд ислоҳ гарданд.

Коршиносони байналмилалӣ бо зикри ҷузъиёти камбудиҳои дарёфта дар маҳалли сохтмони Роғун таъкид мекунанд, онҳо баъд аз ислоҳашон дар маҷмуъ ба бехатарии нерӯгоҳ таъсире надоранд. Аммо ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, ислоҳи камбудиҳое, ки дар хулосаи омӯзиш зикр шудаанд, метавонанд ба таври назаррас амнияту устувории лоиҳаро беҳтар кунанд. Аз ҷумла коршиносон васеътар кардани иншооти нақбии мавҷударо маслиҳат медиҳанд.

Дар мавриди маблағе, ки то имрӯз барои “Роғун” сарф шудааст, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, он бо назардошти нархҳои ҳозира муайян шудааст, вале аз ифшои он худдорӣ кардаанд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, дар натиҷаи санҷишҳо муайян кардаанд, қисми бузурги таҷҳизоти электромеханикие, ки барои ба кор даровардани марҳилаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” заруранд, аллакай насб шудаанд ё дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранд: “Дар мавриди таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ то ҳол ду агрегати Роғун аллакай ба Тоҷикистон дастрас шудаанд ва дар қаламрави ин кишвар нигоҳдорӣ мешаванд. Ду турбинаи комилан тайёри “Роғун” ҳам дар Тоҷикистон қарор дорад. Аммо то ҳол фақат як генератори нерӯгоҳ ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.”

Дар гузориш таъкид мешавад, “бо вуҷуди он ки агрегатҳо давоми 20 сол дар Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд, дар маҷмуъ ҳолаташон хуб ва коршоям ҳастанд, ҳарчанд имкон дорад, баъзе қисмҳояшонро иваз намуд."

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозигии Узбакистони ҳамсоя шудааст, тибқи лоиҳаи қаблии Роғун 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Омўзиши дубораи техникӣ – иқтисодии тарҳи Роғун зери пофишориҳои Узбакистон ва бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ ҷараён дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 30 сентябр 2013 15:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Рогун пагох ба кулли бунёд шаваду рузи дигар ба истифода дода шавад, рузи сеюм барк хомуш мешавад. Точикистон хамон торикистон боки мемомнад.Ман ба ягон рогуну погуну дигару дигар бовар надорам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Икс: Ту ба он Худое ки туро офаридааст бовар надори мо гунахгор нестем ку!...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз сохтани рогуну рогунчахо оила бо наздиконаш боитар мешаванду мо сохиби рекорди гинеси нав
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд ба сабаи ин неругох моро аз камбуди барк начот дихад ва душманхои халку миллати точикро хору залил гардонад.
Посух додан
  • Дилёб

  • 1 октябр 2013 09:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Лачоми ин Рогуни мо дар дасти бародари калониамон (Русия) аст. Харвакте, ки Русия хохад Рогун ба кор медарояд, нахохад ингуна бахонахо садхотои дигараш пайдо шудан мегиранд. Дигар ин иборахои "Рогун бакои миллат аст", "Рогун орзуи миллии мост", "Рогун хаёту мамоти Точикистон аст" ва гайра чуз овезахои деворхои корхонахо беш нест.
Посух додан
  • ИЛХОМИ

  • 1 октябр 2013 10:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рогун имрузу ояндаи миллати точик хисобида мешавад, Худо кунад ки бунёд шавад!!!!!!!!!!1
Посух додан
  • НЕЪМАТ

  • 1 октябр 2013 16:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИНШООЛОХ БУНЁД МЕШАВАД.БАНДА БА УМЕД ШАЙТОН НОУМЕД.
Посух додан
  • точик аз Душанбе

  • 3 октябр 2013 15:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби икс агар аз мо бовари надори банда гиру худата овез чонат халос.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!