Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:39

Вазорати дифоъ: Даъвати наваскарон оғоз шуд

1 октябр 2013, 10:38

Имрӯз, 1-уми октябр, даъвати тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ шурӯъ шуда, то охири моҳи ноябри соли равон идома хоҳад кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт дар даъвати тирамоҳӣ шаҳрвандони соли таваллудашон 1986-1995 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб хоҳанд шуд: “Имрӯзҳо ҳамаи комисариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар барои ба даъват пазируфтани шарҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ омодаанд ва алакай аз субҳи барвақт даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардидааст.”

Маҳмадалиев афзуд, хизматчиёне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода хоҳанд шуд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон дар мавриди даъвати наваксарон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намуда буд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • НЕЪМАТ

  • 1 октябр 2013 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САЛОМ.БОЯД ЧАВОНМАРД БА ХИЗМАТИ ХАРБИ РАВАД ОН ВАЗИФАИ МО ВА КАРЗИ МО АСТ.МАСАЛАН БАЪЗЕХО МЕГУРЕЗАНД БА РОСИЯ МЕРАВАНД ДАР ОН ЧО МО АЗ ХИЗМАТ ГУРЕХТЕМ ГУФТА НА ПАРВОИ ПАДАРУ МОДАР ДОРАНД.БАЪД БА ХАР КОРХОИ НОШОИСТА ДАСТ МЕЗАНАНД .Ё БАЪЗЕХО ФАРЗАНДАШОНА МЕГУРЕЗОНАНД КИ АГАР БАЧАХОШОН РАВАНД БА ЯГОН ФАЛОКАТ ГИРИФТОР МЕШАВАНД. АВВАЛО БА ХУДО БОВАР КАРДА ХУДРО ЧАСУР ГИРИФТАНД ДАРКОР ДАР ДАСТИ БАНДА ХЕЧ ЧИЗ НАМЕОЯД.ХИЗМАТИ ХАРБИ МАКТАБИ МАРДОНАГИС БА ВАТАНИ ХУД ХИЗМАТ КАРДАН ФАХР АСТ.ЧИ ХЕЛ МАН БА ПАДАРУ МОДАРИ ХУД ВА ХАЛКУ ВАТАНИ ХУД ХИЗМАТ НАКУНАМ ИН МОДАРУ ВАТАН МОРО БА ВОЯ РАСОНИДАНД. БОЯД КАРД.
Посух додан
  • Намеравам

  • 1 октябр 2013 13:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз он ки 2 соли умрамро дар хизмат бехуда мегузаронам, бехтар аст рафта кор карда ба волидонам пул равон кунам. Ана ин бехтарин хизмат дар хакки модар аст. Дар ин замон касе, ки хизмат меравад, девонаву мачрух шуда бармегардад .
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 1 октябр 2013 14:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта рост мегуи Чаноби Намеравам! Хамин давлату давлатдор то имруз ба ман чи хизмат кардааст ки ман рафта 2 сол хизмат кунам барои у??????
Посух додан
  • Шохин

  • 1 октябр 2013 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба намеравам! Гуломи халкабагуши Расия мешам бугу?! Ха рав рав косахошон ношуста мондаст!!! намебини ки хар руз як мурда меоранд. Буздил мурди боз туро хамин хок дар чигараш чой медихад!!! Ки аз хизмат мачрух шуда омадааст беномус!!! Бехтараш нагу ки намеравам бигу ки ман беномуси буздили ватанфурушам!!! Ту душмани 8 млн точик хасти!!! Ту душмани миллати точик хасти!!! Сад хайфи ту ки модари точик таваллудат карда!!!
Посух додан
  • Точик

  • 1 октябр 2013 16:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ШОХИН

Мебахши хами ту худат хизмати ватан модарата кардаги хасти ё не?
Хмон бародар НАМЕРАВАМ рост мегуяд аз оне ки 2 сол хизмат мекунад бехтар аст ки кор кунаду шиками падару морашро сер кунад хамонам хизмат хисоб мешавад.
Барои чи писарони вазирону раисон хизмат намераван? Чи хизмат факат барои камбагалон аст? Ту ба фикрам дар зиндаги азоб накашидаи ва гушна намондаи агар ки азоб мекашидию гушна мемонди чунин суханонро нисбати як бародари мусалмон намегуфти.
Боки саломат бошед.
Посух додан
  • НЕЪМАТ

  • 1 октябр 2013 16:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БАРОДАРИ ТОЧИК. ДУ СОЛИ ХИЗМАТ БА МОНАНДИ ДАРЁ МЕГУЗАРАД НАТАРСЕД РАВЕД ХИЗМАТИ ХАЛКУ ВАТАНРО КУНЕД ХАМОН ХАЛКУ ВАТАН ДАСТИ ДУЪО МЕБАРДОРАНД ШУМО ДАР КОРХОИ ЗИНДАГИ МУВАФАК МЕШАВЕД. АГАР НАРАВЕД БА НАФРАТИ ХАЛК ГИРИФТОР МЕШАВЕД ИНРО МАН САНЧИДААМ.
Посух додан
  • Фаридун

  • 1 октябр 2013 23:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хизмат ба ватане ки мекуни кадру киммати хизмат та донад. Давлату рохбарои мо 2 сол мекапан мебаранат тамоми аъзои баданат ай кор мемонад ай гушнагира як хайёт мачрух мегарди.Дар боло як кас гуфтай ки мегрезан ба руссия мераванд ман ба ин шахс чавоб гуфтаниам агар мардуми точик ба руссия нараванд ахлу оилаи онхо аз гушнаги хору зор хатто ба халокат мерасанд мо ин кадар давлату хукумати гамхоре надорем ки камбагал мардума дасгири кунад 80 % зиндагии мардуми точик ай руй руссияст
Посух додан
  • creed

  • 2 октябр 2013 00:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар ту ба хизмат нарави дигаре гурезад аз хизмат Ватанро ки мухофизат мекунад Бародарон??
Посух додан
  • Шохин

  • 2 октябр 2013 00:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба точик! Бале ман хидмати Модар- Ватанро адо кардаам. Ман на писари вазираму на коргари давлати! Дехконам дар замин кор мекунам ва азоби гуфтаатро кашидаам ва аз гуфтахои боло маълум аст ки мекашам. Гузашта аз ин ман хам Алхамдулиллох мусалмонам. Магар шумо хадиси паёмбари Акрам (с)-ро аз ёд бурдаед: "Дуст доштани Ватан аз имон аст". Баъдан шумо Ватанро аз давлату вазиру мансабдор фарк кунед! Агар хамаи мою шумо Руссия равем он модаре ки хамаги дусташ дорем ки химояташ мекунад! Ба максади кас пай набурда ба фикраш дахолат накунед!
Посух додан
  • Мустафо

  • 2 октябр 2013 14:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шохин,
Ту ба забон мусулмони холо калбат мусулмон нашудааст! Мусулмоне, ки калбан имон ба Худо дорад, хеч гох нисбати бародари муъминаш харфи бад намегуяд. Тахкиру дашном нишонаи мунофикон аст ва агар надони мунофик хукмаш чист, мегуям мунофик бадтар аз кофар аст!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!