Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:16

Тарси ман аз он аст, ки... "касофат" ҷои "шарофат"-ро мегирад

2 октябр 2013, 09:36

Азиз НАҚИБЗОД

Иллати гирифтории аз ҳад беш ва маҳрумиятҳои тоҷикро дар чӣ мебинед? Чаро миллате, ки ифтихори қадимтарин буданро дар минтақа дорад, аз авҷи иззат ба қаъри зиллат фаромад?

Соҳибназарон дар ҷавоби ин суол андешаҳои гуногун хоҳанд дошт, аммо ба назари ман муҳимтарин омил он аст, ки бештари ҳамватанони мову Шумо шарофатро аз даст медиҳанд. Бале, муҳимтарин арзиш барои инсон шарафро. Шарафро, ки инсонро аз дигар махлуқот тамйиз медиҳад.

Садҳо мушкили Тоҷикистону тоҷикон ба ҳамин мафҳум, дақиқтараш ба адами ҳамин арзиш, иртибот мегирад. Имрӯз тоҷик тоҷикро рӯирост тӯҳмат мезанад, тоҷик ҳамватанашро таҳқир мекунад, тоҷик моли якдигарро медуздад, тоҷик аз ҳаммилаташ пора меситонад, тоҷик бародарашро ранҷ медиҳад, тоҷик бар зидди тоҷик шаҳодати дурӯғ медиҳад, ки хоси шарифон нест. Шахси бошараф даст ба чунин амалҳои нангин намезанад.

Мафҳуми шарофат муқобилмаъное дорад, ки онро касофат гӯянд. Агар аз шахси шариф ба ҷомеа шарофат расад, пас, аз шахси касиф ба ҷомеа касофат хоҳад расид. Аммо чӣ касе худро касиф мешуморад? Оё касе ҳозир мешавад, ки нанги касиф буданро ба гардан гирад? Маълум, ки розӣ намешавад. Аммо дигар илоҷ надорад, чун дигар чорае нест ҷуз ин ду сифат: Шариф ва касиф. Шахс метавонад ё шариф бошад, ё касиф.

Ҳоло биёем, сари тавзеҳи шариф. Шарофатманд дуздӣ намекунад, ҳаққи мардум намехӯрад, тӯҳмат намезанад, аз тамаллуқ парҳез менамояд, дурӯғ намегӯяд, ришва намегирад, зулм намекунад... Аммо касе, ки амалҳои номбаршударо анҷом медиҳад, аз рӯи мантиқ танҳо касиф буда метавонад. Ва ҳеч мумкин нест, ки аз шахси касофат ба ҷомеа шарофат расад.

Дар ҷомеа агар шахсони шариф ба куллӣ набошанд, ҷомеа ба нестӣ мерасад, аз ин бармеояд, ки ҳанӯз ҷомеаи мо дорои шахсони бошараф будааст. Вале даҳшатовар ин аст, ки амалҳои касиф бештар мешавад. Метарсам, боз рӯзе нарасад, ки чанд тан бошарафоне, ки ҳастанд, боқӣ намонанд. Паёмадашро тасаввур мекунед?..

Худо ба он рӯз нарасонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеле хуб тахлил намудаед мухтарам Азиз Накибзод. холате, ки имруз чомеаро фаро гирифтааст, натичаи амалхои пайвастаи касиф аст.

халке, ки пойбанди амалхои касиф аст, хамин хел кал хам мезанадшаву, кур хам мезанадшаву пасмонда кулух хам мезанадша. вой бар холаш!
Посух додан
  • л

  • 2 октябр 2013 10:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чиз яку якбора пайдо нашудааст. Аз хамон рузе, ки мардуми точикро мешиносам, ягон тагйироте дар мардум намебинам. 30 сол пеш хам точикон хамин хеле ки имруз хастанд, буданд. Оянда хам хамин хел хоханд монд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо то ба он руз расидаем, шояд хамаги чанд соати дигар боки монда бошад.
Худованд касифонро боло бардошта пас аз он чунин ба замин мезанад, ки иншоаллох рудахояшон аз дахонашон мебарояд. Ин сахнаро тамоми мардуми мазлуми кишвар мунтазир аст!
Худованд кош моро нигахбон бошад, то аз зумраи касифони гумрох набошем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷони суханро гуфтед, бародар. Бо ҳамаи ин хислатҳои бади аксари кулли мардум банда ҳайронам, ки ин давлати ба ном Тоҷикистон чи гуна ҳар соату ҳар дақиқа пош намехӯрад, аз байн намеравад, наметаркад? Мардум чи будани ғурур, ифтихори инсонӣ (бигзор тоҷикӣ не!), тартибу интизом, ҳалолкориву шарофатмандиро ҳатто тасаввур ҳам намекунанд. Узр, ин тасаввурро ба худ иҷозат намедиҳанд. Агар дар ҷое ин сифатҳоро талаб мекунӣ, туро, агар накушанд, душмани ҷонии худ медонанд. Пас, ин, касифӣ (касофат) нест? Далели ростии ин суханон дар он аст, ки мо солҳои навади асри гузашта даст ба гиребони ҳамдигар шудем, куштем, оташ задем, моли мардумро ғорат кардем, тӯҳмат кардем, таъқиб кардем, дар назди ҷаҳониён шарманда шудем ва билохира худро қаҳрамон элон кардем. Бо ин феълу хӯ моро дар пеш чӣ интизор аст? Инро касе гуфта наметавонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикро ношукри ба ин вокеият овардааст.Чи магар соли 90-ум бад зиндаги мекардем ки хамаро ба коми адуву оташ задем.Бадбахти дар он аст ки намоз мегузорему мардумро фиреб медихем,мусори чиниро оварда ба нархи гарон мефрушем,харруз нарххоро баланд карда шарм намекунем,доруро ниммаги оварда сертификат мекунему ба мардум бо нархи хангуфт мефрушему ба хач меравем.Пас пардвардигор низ назора мекунад як руз мучозот мекунад ки окибаташ чунин аст.ЧТ ба як мевае мемонад ки дар даруни худ кирм дорад ва дар холати рушди миллат зарба мезанад.Тавба кунед одамон ин кадар шахид додем бахри озоди як боре хам як руз 5 секунд хомуш истода еди онхо накардем пас чи гуна ба эътибори худо умедворем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар мачмуъ тафсири ин ду сифот (касофату шарофат) дуруст оварда шудааст ва ин вазъ (ивазшави) хам дар чомеъаи мо то андозае чой дорад, аммо ба кулли сари миллат ноумед будан низ хатост.
Дар ин чо бародар каме дар таасуфу нигарони зиёдарави кардааст. Чунки таърихан мо хамчун миллат сохиби авчи иззат набудем ва холо низ гирифтори каъри зиллат нестем. Шараф ба инсонхо, ки гуногун офарида шуда, яке окилу дигар чохил, яке фозилу дигар кохил, баъзе зираку дигарон гофил хастанд, бар хар андоза мансуб аст. Миллат дар кул сохиби иззат албатта дар сатхи байналмилал, яъне дар киёси миллатхо буда метавонад. Чунин миллати пурра бошарофатро ба чуз дар "Хирадномаи искандари" дигар ёфтан номумкин аст. Як тасаввур кунед, ки дар хазорсолахо миллати бедавлат, ки дар огози иттиход базур ва як гарони сохиби давлат шуд ва нав акнун дар сатхи байналмилал камтарин арзишхояш шинохта мешаванд, чи гуна сихиби иззати баландарин буда метавонад. Холо имкони пешрафту шукуфои аст ва ноумед набояд буд.
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 2 октябр 2013 23:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Алакай гирифт!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!